tajikistanweb.com
Бино ба гузоришхои расида аз Душанбе, аз рузи чахоршанбе (30 жонвийе) мизони чараёни об ба садди Норак такрибан ду баробар шуд.
Аммо макомоти ширкати Барки Точик ба хабаргузории
Asia Plus
гуфтаанд, ки хатари гирифторихои бештари Точикистон дар заминаи энержй хамчунон бар сари кишвар хоил аст.
Мизони чараёни об, ки кабл аз чахоршанбе 18 то 90 метри мукаъаб дар сония буда, дируз ба 160 метри мукаъаб дар сония расидааст. Харчанд мизони маъмулии чараёни об дар жонвийехои гузашта 200 метри мукаъаб дар сония будааст, бояд аз обу хаво такдир кард, ки мулоимтар шуда ва чараёни обро тасхил кардааст.
Вале макомоти энержии Точикистон ба
шод кардани
мардум нашитофтанд, балки эхтимоли мувочеха бо бухрони энержии вахимтаре дар ояндаи наздикро
такрор карданд
.
Чун ба гуфтаи онхо, хатто саховати чараёни феълии об тагйироти бунёдине дар пай нахохад дошт
ва тавлиди энержиро афзоиш нахохад дод.
Манбаъи хабаргузории
Asia-Plus
дар ин ширкат муътакид аст, ки оби обанбор такрибан ба тамом тах кашидааст ва агар мизони он шаш метри дигар поин ояд, ниругох дучори вазъияти бухронй хохад шуд. Дар он мархила ниругох рузона кодир ба тавлиди факат 25 милюн килувот дар соъат барк хохад буд, дар холе ки акнун он кишварро рузона бо 40 милюн килувот дар соъат барк таъмин мекунад.
То кунун дархости кумаки Точикистон факат 11 милюн килувот дар соъат баркро ба бор оварда, ки гуфта мешавад Киргизистон судури тадричии он ба шимоли Точикистонро огоз кардааст. Натичаи дигар ваъдаи телефунии раисичумхурии Туркманистон аст, ки мегуфт хачми барки содиротй ба Точикистонро афзоиш хохад дод.