Тагйироти бехосият
Youth
Science
Entertainment
POLITICS
Хуршеди Бахшоиш
tajikistanweb.com
Душанбе
Харчанд пайдост, ки тагйироти солонаи раисичумхур Рахмон дар кобина дигар харгиз мунтакидони давлатро бо дасткорихои ороишии хандадораш шигифтзада нахохад кард , рахбари давлат ин бор хам натавонист аз бурузи халлокияташ худдорй кунад.
Дар холе ки нишасти мукаддам ба тагйири кобина як ичлоси тулонии сарзаниши макомоти бахши энержй буд, ки натавонистанд ниёзхои бунёдини мардум дар сахттарин зимистони 25 соли ахирро бароварда созанд, номи хич як аз макомоти ин бахш дар зумраи барканоршудагон набуд. Фехрести номхои макомоти маъзул бедиранг пас аз поёни нишаст эълом шуд.
Нишасти раисичумхурй барои тавбиху сарзаниши масъулони таъмини ниёзхои пояии мардум аз тарики телевизюни давлатй хам пахш шуд. Бахши аъзами нишасти солонаро маломати макомоти энержй ба худ ихтисос дода буд. Бархе аз коршиносон ин икдомро навъе найранги сиёсй барои ба даст овардани калбу азхони мардуми сиёсатгурез унвон карданд, чун ба гуфтаи онхо, сарвари давлат талош мекард хашми мардум алайхи макомоти бахши энержиро бозгу кунад.
Аммо ба назари коршиносон, азлу насбхои ахир бештар чанбаи намодин дорад, то сиёсй ва интизор намеравад он дар миёни мухолифони заъифи дохилй ва хоричй вокунишхои кобили мулохизаеро барангезад. Бимонад, ки дар Точикистон чизе бо номи фишори афкори умумй дигар вучуд надорад. Намунаи он метавонад дастикам сукути модароне бошад, ки хатто марги кудакони навзодашон дар зоишгоххо ба далели набуди барк ва бемасъулиятии бахши бехдошт онро нашикаст.
Макомоти маркази пажухишхои истротежики вобаста ба давлат аз тасмимхои Рахмон дифоъ мекунанд ва муътакиданд, ки ба далели печидагии силсила
- маротиби макомоти бахши энержй хуб аст, ки ин тагйироти кодрй шомили холи он нашудааст. Изхори назари Сайфуллох Сафаров, муъовини ин марказ, содаву сарех буд: «Тагйироти кодрй дар давлат ба маънои он нест, ки лузуман хамаи макомот дар хамаи бахшхо иваз шаванд. Ман фикр мекунам дар бахши энержй, ки хеле печида ва барои кишвари мо мухим аст, мо наметавонем хар сол макомотро иваз кунем. Чун рох уфтодани ин бахш зери назари мудирияти чадид хеле замон мебарад. Ман фикр мекунам окои Рахмон кори дурусте кард, ки ба бахши энержй шаш мох фурсат дод, то рохи халли мушкилотро баёбанд.»Мантики табиъат ба мо ичоза медихад хадс бизанем, ки макомоти энержй баъд аз шаш мох ин озмоишро бо муваффакият пушти сар хоханд кард. Чун шаш мохи дигар тобистони дог асту обанборхо пур аз об мешаванд.
Бад-ин гуна
, дар кишваре, ки гирифтори бухрони энержист, тагйири кобина кучактарин иртиботеро бо ин бухрон надошт, ки гуйи ин сахнаест аз намоишномае комилан мутафовит. Вале чанд нуктаи ин намоишнома шоёни зикр аст.Ин бор хам мисли гузашта беш аз 20 макоми баландпояву мутавассит, ки андакашон чузъи макомоти калидй буданд, барканор ва дубора дар макоме дигар баргумошта шуданд.
Аз чумла Муродалии Алимардон аз курсии раёсати Бонки Миллии Точикистон махрум шуд ва Шарифчон Рахимзода ба он курсй нишаст. Рахимзода то ин хангом мудири Кумитаи сармоягузорихо ва мудирияти дороии давлатй буд.
Ба гуфтаи Шокирчон Хакимов, коршиноси мустакил ва мунтакиди хамешагии давлат, ин бор хам дар тагйири кобина хиссу ангезаи махалгаройи мавч мезад. У мегуяд:
«
Фехрести интисоботи ахир бо такя бар гароишхои хешовандй, махаллй ва хизбй шакл гирифтааст. Аз ин ру голибан макомоти нав салохияти тасаддии он постхоро надоранд ва барои бехбуди вазъияти кишвар коре нахоханд кард.»Бо максе руи сиёсати кодрии маъруфи раисичумхур Рахмон, ки гуфта мешавад аз обу ранги гализи махаллй ва хешовандгаройи бархурдор аст, ба ин ирод хам ишора бояд кард, ки аз суи коршиносон иброз мешавад. Ба гуфтаи онхо, тагйироти ахир Муродалии Алимардонро, ки ба сарвари кишвар вобастагии махаллй надорад, аз макоми тасмимгирй дар заминаи сиёсати молй дур кард. Онхо хамчунин ба ангезаи баргумории Шарифчон Рахимзода дар макоми раёсати Бонки Миллй ишора мекунанд, ки аз казо ба монанди сарвари кишвар аз минтакаи Дангара аст.
Яке дигар аз чехрахои наву кухнаи кобили зикр дар таркиби чадиди давлат Косим Косимов аст, ки мохи десомбри соли 2006 аз макоми устондории Сугд барканор шуда буд. Далели барканории у хам пас аз беш аз дах соли устондорй «бекифоятй» унвон шуда буд. Косимов акнун ба унвони вазири кишваорзй ба огуши бози давлат баргаштааст.
Бо таваччух ба нукоти мазкур, бархе аз нозирон мегуянд, ки дар холи хозир хич нируи мухолифе нест, ки дар баробари фасоди сиёсии мавчуд кад алам кунад. Аммо шуморе дигар аз коршиносон бар ин боваранд, ки сукути мухолифон ба эхтимоли зиёд омидона (касдй) аст
. Чун онхо умедворанд, ки мардум саранчом аз руйкарди махалгароёнаи тавъам бо фасоди давлат ва паёмадхои сахмгини он дар чомеъа ба сутух хоханд омад ва наъраи эътироз сар хоханд дод.