web.com

BUSINESS

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

Education

Нахустин хабари молии давлати « нав »- и Точикистон пас аз тагйироти кодрии намодини рузи шанбе чизе набуд , ки мардум муштоки шуниданаш буда бошанд : иштихои физояндаи давлати кишвар барои карзи хоричй ба касри номутавозини тарсноки пардохти бидихихо анчомидааст . Дар холе ки сиёсати энержии давлат бо нокомй мувочех шудааст , рузи сешанбе (29 жонвийе ) эълом шуд , ки хачми бидихии хоричии кишвар ба худуди 1.12 милёрд дулор расидааст .

Ба гуфтаи Тимуралй Афгонов , мудири идораи бидихихои давлат дар вазорати дороии Точикистон , тайи соли 2007 мизони карзхои хоричии кишвар 29.3 дарсар афзоиш дошта ва 30.2 дарсади тавлиди нохолиси миллиро ташкил додааст . Бо таваччух ба ин ки хачми бидихии хоричии Точикистон дар соли 2006 829 милюн дулор баровард шуда буд , суъуди шитобони ин ракам тааммулбарангез аст
.

tajikistanweb.com

Сарфи назар аз ин ки чи кадр талош бикунем ба авзоъи Точикистон аз пушти айнакхои рангй бингарем , танхо тавсифи вазъияти кишри хоким « асафбор » аст
.


Бархе хануз ба ёд доранд , ки чи гуна Шавкат Сохибов , муъовини вазири доройи дар мохи аврили 2006 шодон эълом карда буд , ки хачми бидихихои хоричии Точикистон 8.5 дарсад кохиш ёфтааст . Дар он сол Точикистон комгор шуд беш аз 76 милюн дулор аз карзхои хоричии худро ба бистонкорон боз пардозад.
Аммо барои имсол танхо 44.2 милюн дуло аз будчаи давлат барои бозпардохти вомхо канор гузошта шудааст.

Хабаргузории РИА Новости
бо истинод ба суханони Тимуралй Афгонов менависад: «Хачми карзхо ба хотири имзои 11 карордоди эътиборй ба кимати 153.3 милюн дулор дар соли 2007 ба шиддат боло рафт». Ба эхтимоли зиёд чашнхои пурзарку барки давлат тайи соли гузашта шомили ин ракам нашудааст.

Агар талабкорон тасмим бигиранд бо эъмоли адолате берахмона чадвали замонии дакики пардохти карзхоро таъйин ва риъоят кунанд, Точикистон бо даромади саронаи 1.600 дулор дар сол гирифтори кобус хохад шуд. Агар Точикистон кодир набошад дар ростои кохиши мизони карзхояш бикушад, шакке дар ин нест, ки хатто бистонкорони хеле пулдор рузе дасти ниёзи Точикистонро пас бизананд. Аркоми зерин тавоноии кахкаройи (регрессив)-и давлати Точикистон дар бозпардохти бидихихои хоричиашро нишон медихад:

Хачми бидихии хоричии Точикистон:

Дар авосити соли 2001: беш аз 1.2 милёрд дулор

Дар соли 2002: 1 милёрд дулор (Русия 250 милюн дулорро ба Точикистон бахшид)

Дар соли 2003: 989.5 милюн дулор

Дар соли 2004: 888 милюн дулор

Дар соли 2005: 1.09 милёрд
дулор

Дар соли 2006: 829 милюн дулор

Дар
соли 2007: 1 милёрду 119, 9 милюн дулор

Яъне кишвар дубора ба авосити соли 2001 баргаштааст . Бо ин шитоби карзхохй Точикистон метавонад ба нуктае бирасад , ки рохи бозгашт барояш баста хохад буд .
Равшан нест , ки парвози тахайюлии Рахмон кишварро дар оянда ба кучо хохад расонд , аммо агар натичаи барномахои баландпарвозонаи у дар заминаи энержй дар кишвар махсус ва малмус набошад , гумон намеравад , ки бистонкорон ба хостахои у махал бигзоранд .

Зимистони имсол нихояти нотавонии давлат дар руёруйи бо бухрони энержиро ба намоиш гузошт. Ин бухрон бар бори карзхои давлат афзуд ва онро водошт, ки нируи баркро аз хорич ба шарти пардохти панч баробар бахраи он ворид кунад (ин хабарро хабаргузорихои киргизй ва казокй пахш карданд, аммо изхороти рузи сешанбеи макомоти Барки Точик бо суханони нахуствазири Киргизистон танокуз дошт).

Давлати Рахмон талош кардааст бахши азиме аз ин бори гаронро ба души мардуми кишвар биандозад ва барои пардохти карзаш ба Бонки Чахонй кимати истифода аз баркро якбора боло бурдааст. Аммо Бонки Чахонй дар додани посухе сарду сарех истихола накард ва дар баёнияи матбуъотии рузи 15 жонвийеаш гуфт, ки харгиз бо икдоми давлат барои афзоиши кимати барк мувофик набудааст. Баръакс, Бонки Чахонй дар ин баёния макомоти Точикистонро «ташвик мекунад, ки аз тадобири хисобшудаи молй кор бигиранд, то хадамоти хамагонй бехбуд ёбад ва як накшаи таъмини ичтимоъиро тадвин ва пиёда кунанд, ки аз хонаводахои факиру бенаво дар пардохти кимати барк химоят кунад.»

Шояд Душанбе манзури Бонки Чахониро ба хубй дарк накардааст. Аммо ин суитафохумхо маъмулан сарнавишти бадеро барои миллат ракам мезанад.

English