BUSINESS
Youth
Science
Entertainment
Дориюши Рачабиён
tajikistanweb.com
Давлати Киргизистон мувофикат кардааст , ки аз мохи февриеи 2008 ба Точикистон ба микдори 11 милюн кв / с барк содир кунад , аммо дар иваз Точикистонро мутаъаххид кардааст , ки тайи моххои аврил ва май ба Киргизистон 55 милюн кв / с барк бидихад . Мохи февриеи имсол бо даврае мусодиф мешавад , ки ба гуфтаи нахуствазир Окил Окилов , ниругохи Норак аз тавлиди барк барои масрафи дохилй боз хохад монд . Пурсише , ки миёни нозирон матрах мешавад , ин аст , ки оё Точикистон бо ин навъ муъомилот дар заминаи энержй кодир хохад буд аз бухроне вахимтар дар оянда чон ба саломат бибарад .
Душанбе
хануз мехгирифта ( тумангирифта ) аст , аммо хаво ба андозаи гузашта дижхим нест . Бо вучуди ин , ниёзи мубрами кишвар ба манобеъи кобили эътимоди энержй хамчунон бокист . Нахуствазири Точикистон бо ифшои аркоми вахшатнок дар мавриди боз мондани фаъолияти ниругохи Норак то чанд рузи дигар мардуми кишварро нигарон кард .Ба назар намерасад, ки Узбакистон хеле моил ба эътино ба бечорагии Точикистон дар зимистони имсол бошад. Узбакистон ба хотири «сармои сахте, ки худи он низ мутахаммил шудааст», бар хилофи таъаххуди каблиаш интиколи барк ба Точикистонро катъ кардааст. Вале Точикистон хамчунон умедвор аст дар ин торикистон лумъаи нуреро бибинад ва тасмим гирифтааст аз хамcояи ба хамин андоза бечорааш Киргизистон ва аз Туркманистони ганй бо энержй кумак бихохад.
Ба гузориши торнамо (сайт)-и раёсати чумхурии Точикистон, гуфтугуи телефунии Эмомалии Рахмон бо хамтои туркманаш Курбонгулй Бердимухаммадов дар рузи душанбе (28 жонвийе) натоичеро дар бар доштааст. Бердимухаммадов ба Рахмон имтинон дод, ки аз созмонхои марбутаи кишвараш хохад хост, то хатталимкон хачми барки содиротй ба Точикистонро афзоиш диханд. Ашгобод хамакнун низ ба Точикистон рузона 3 милюн кв
/ с барк содир мекунад ва равобити дустонаи он бо Душанбе ин умедро медихад , ки шояд ваъдаи раисичумхурии туркман дар амал пиёда шавад.Вале дароз кардани кашкули гадойи ба самти Бишкек ба ростй зиёда хостан буд. Ба гузориши торнамои
CA News дар рузи 21 жонвийе (4 руз пеш аз такозои кумаки нахуствазири точик), мизони масрафи барк дар Киргизистон ру ба афзоиш аст, чун зимистони имсол танхо Точикистонро хадафи озору азияташ карор надодааст. Аммо Окил Окилов, нахуствазири точик, дар сухбат бо Игор Чудинов, хамтои киргизи худ, дар Маскав авзоъ дар Точикистонро бадтар аз хар кишвари дигари минтака тавсиф кард. Посухи Игор Чудинов ба ин дархост машрут ба шароите буд.Макомоти Киргизистон дар худ печиданд, то иборати дурусту дакикеро барои баёни вазъияти душвори худашон пайдо кунанд. Ба гузориши хабаргузорихо, бархе аз намояндагони мачлиси Киргизистон гуфтанд, ки рохеро барои бароварда кардани дархости Точикистон намебинанд, чун худи Киргизистон низ дучори мазикаи энержй шудааст. Аммо макомоти Точикистон умеди худро барои мутакоъид кардани киргизхо барои ироаи кумак аз даст надоданд ва рузи одина (25 жонвийе) як хайъати ширкати Барки Точик барои гуфтушунуд вориди Бишкек шуд. Дар натича, Киргизистон рузи душанбе (28 жонвийе) эълом кард, ки аз мохи феврийе ба шимоли Точикистон 11 милюн кв
/c барк хохад дод ва дар изои он дар фасли бахор аз Точикистон 55 милюн кв / с барк дарёфт хохад кард. Ба гуфтаи Игор Чудинов, Киргизистон касд дорад бо истифода аз барки Точикистон дар моххои аврил ва май обанбори Туктугули худро пур кунад. Барои Бишкек ин муъомила судовар ба назар мерасад.Ин муъомила Точикистонро низ барои яке
- ду мох осудатар хохад кард ва шояд чанд манзили дигар барои кутохмуддат равшану гарм шавад. Аммо агар карор аст давлати Рахмон аз рохи пардохти панчбаробараи бахра дар изои кумаки хамсояхо бухрони кунуниро пушти сар кунад, баъид нест, ки дар оянда он ба бунбасти тангу тортаре дучор ояд. Ва гумон хам намеравад, ки баландпарвозихои Рахмон дар заминаи энержй то зимистони оянда ба чое бирасад.