Созмонхои чосусии Омрико нигарони Осиёи Миёнаанд
СИЁСАТ
Youth
Entertainment
Ариел Кохен
Бино ба гузориши солонаи масъули иттилоъоти миллии Омрико дар мавриди арзёбии хатароти амниятии мутаваччехи ин кишвар, Осиёи Миёна аз нигаронихои умдаи созмонхои иттилоъотии ин кишвар аст.
Майкл МакКоннелл, масъули иттилоъоти миллии Иёлоти Муттахида рузи 5 феврийе ин санадро бо аъзои Сенои Омрико баррасй кард. Ин гузориш махсули табодули назархои 16 созмони чосусии Омрикост ва тамоми хатароти амниятии чахонро арзёбй мекунад. Дар холе ки Ирок хамчунон аз манобеъи аслии нигаронист, хатари эхёи гуруххои тундрави исломй ва террурист дар Афгонистон ва манотики кабиланишини Покистон дар садри фехрести нигаронихои амниятй карор гирифтааст.
МакКоннелл ба аъзои Сено гуфт: «Аз миёнахои соли 2006 то кунун шумори зиёде аз атбоъи кишвархои гарбй дар манотики кабиланишин ачир (муздур) шудаанд. Бино ба арзёбии мо, тавтеъахои Ал-коъида зохиран хамчунон мутамаркизи хадафхои мухимми сиёсй, иктисодй ва зерсохтии Омрико хохад буд. Он хамалот бо хадафи ворид овардани бештарин хисорат ва талафоти чонй ва
паёмадхои иктисодии фарогир ва эчоди чавви тарсу вахшат дар миёни мардум тархрезй мешаванд.»Ин гузориш хушдор медихад, ки дар натичаи нохушнудии физоянда аз авзоъи ичтимоъй ва иктисодй дар Осиёи Миёна мумкин аст нирухои исломй фаъъолтар шаванд. Дар Узбакистон иктисоди заъиф ва киматхои ру ба афзоиши коло манбаъи билкувваи дарди сар барои давлати худкомаи Ислом Каримов аст. Дар холе ки вазъи Киргизистон ва Точикистон собит ба назар мерасад, Туркманистон пас аз солхо инзиво дар холи боз шудан аст ва вазъияти хукуки башар дар он кишвар бехбуд ёфтааст. Мутассифона, ин гузориш шиканандагии режимхо ва афзоиши дахолатхои хоричй дар умури минтакаро нодида гирифтааст.
Гузориши арзёбии хатархо дар чанд маврид ишора мекунад, ки интизор меравад тайи
як соли оянда равобити Омрико ва Русия бадтар шавад. Дар он омадааст, ки Кремлин касд дорад шабакахои умдаи тавзеъи заминии нафту гози Урупо ва Осиёи Шаркиро тахти кунтрули худ бигирад. Гузориш меафзояд, энержй ба абзоре дар сиёсати хоричй ва равобити иктисодии байнулмилалии Русия табдил шудааст.Дар ин гузориш бозхез (тачдиди хаёт)-и нирухои мусаллахи Русия, бехбуди омузишхои онхо, афзоиши шумори ягон (вохид)-хои низомй бо мизони бештари омодагй, баргузории размоишхои бештар ва афзоиши шумори гаштй (патрол)-хои бумбафкани Русия бар фарози укёнусхои Шимолй, Атлас ва Ором низ зикр шудааст.
Ин гузориш ба мавзуъи тамоюли Русия ба тагйири сохтори иктисодии чахон ва ба хам задани низоми иктисодии тахти султаи Гарб (мавсум ба сохтори пасо-бреттонии Вудз) ба тафсил напардохтааст. Владимир Путин, раисичумхурии Русия, дар нишасти иктисодии сарони Гурухи Хашт дар Санкт-Петерзбург дар соли 2007 хостори анчоми хамин икдом шуд. Русия, Эрон, Венезуэло ва дигар тавлидкунандагони энержй дар мухосиботи худ доранд аз дулори Омрико фосила мегиранд.
Гузориши арзёбии хатароти мутаваччехи Омрико ба Эрон, ба вижа барномаи хастайии он руйкарде мухтотона дорад. Дар гузориши Ожонси Байнулмилалии Энержии Хастайи, ки рузи 22 феврийе мунташир шуд, аз тавонойии Эрон дар заминаи тавлиди чангафзори хастайи изхори нигаронй шудааст. Гузориши созмонхои чосусии Омрико муддаъист, ки Эрон дар холи тавлиди мушакхои дурбурди болистикест, ки метавонанд кулохакхои хастайи хамл кунанд. Аммо ин гузориш ба равобити наздики миёни Эрон ва Русия дар заминаи барномаи тавлиди мушакхои болистики Эрон ишора намекунад. Бино ба гузориши рузномаи Дейли Телегрофи Ландан, Русия аз соли 2003 то кунун ба Эрон фанноварии мушакхои болистик ва дониши тавлиди мушакхо ва кумаки фаннии мухандисони русро ироа мекунад
.Эрон хамчунин талош мекунад ганисозии урониюмро ба нахве бехтар анчом дихад, ки гуфта мешавад хадафи гайринизомй дорад, аммо ба таври билкувва метавонад дар тавлиди чангафзори хастайи ба кор равад. МакКоннелл гуфт, ки Эрон метавонад дар зарфи чанд соли оянда ба тавонойии фаннии басанда барои тавлиди урониюми башиддат ганишуда даст ёбад. Аз ин навъи урониюм метавон барои сохти чангафзори хастайи истифода кард.
Дар холе ки созмонхои чосусй мутмаиннанд, ки Эрон дар соли 2003 фаъъолияти сиррии худ барои тавлиди бумби хастайи ва ганисозии урониюм бо хадафхои низомиро катъ кард, хануз равшан нест, ки оё Эрон он барномаро аз сар гирифтааст ё на. МакКоннелл гуфт, шакке дар ин нест, ки Эрон дорои дониши илмй ва
зарфияти фаннию санъатй барои тавлиди чангафзори хастайи дар оянда хаст. Бештари ин дониш аз Русия ба Эрон расидааст.Барои намуна
, Маскав дорад барои Эрон дар шахри Бушехр як реоктури хастайии якмилёрддулорй месозад. Вазорати хоричаи Омрико Эронро муттахам кард, ки зери пушиши тархи Бушехр дорад барномаи таслихотиашро анчом медихад. Хамчунин расонахо гузориш додаанд, ки Эрон дар холи хариди сомона (систем)-и мушакхои дурбурди замин ба хавои S-300 аст ва ё шояд хам то кунун онро харидааст . Ба бовари тахлилгарон, ин сомона барои мурокибат аз ниругохи хастайии Бушехр ва дигар таъсисоти калидй, ба монанди корхонаи ганисозии урониюми Натанз насб хохад шуд.Эрон хамчунин барномаи таслихоти шимиёйиро руи даст дорад ва дар холи тахкики таслихоти биулужик аст. Тавсеъаи зарродхонаи мушакхои болистики Эрон ва дастёбии он ба мушакхои зиддикиштй бо хадафи эчоди як омили боздорандаи стротежик дар Халичи Форс, ба вижа дар тангаи Хурмуз
анчом гирифтааст. Бад-ин гуна, Эрон кодир хохад буд дар сурати бурузи даргирй тангаи Хурмузро бибандад ва содироти нафтро мухтал кунад. Афзун бар ин, пойгоххои низомии Иёлоти Муттахида ва нирухои дарёйии он дар минтака бо хатари токтикии вахиме рубару хоханд шуд. Эрон хамчунин метавонад бо истифода аз зарродхонаи худ кишвархои хамсояро водорад, ки аз сиёсатхои Омрико химоят накунанд.Дастёбии Техрон ба мушакхои болистики дурбурд бо тавоноии исобат дар Урупо хамчунин метавонад кишвархои узви НАТО-ро водорад, ки дар сурати бархурди низомии Омрико бо Эрон ба нирухои низомии омрикойи ичозаи истифода аз пойгоххои худро надиханд. Яке аз далоили мухимми ёрии Русия ба Эрон дар заминаи барномахои мушакй ва хастайии он шояд ин бошад, ки бо таквияти тавонойии боздорандаи Техрон кишвархои узви НАТО аз фикри мизбонии пойгоххои омрикойи мунсариф хоханд шуд.
Русия ва Эрон хамчунин дар заминаи корбурди энержй ба унвони як абзори жеупулитик иштироки назар доранд. Хар ду кишвар хам дар мавриди эчоди як иттиходияи тавлидкунандагони гози табиъй, ки мувозй бо ОПЕК (созмони содиркунандагони нафт) бошад, изхори
алока кардаанд. Як чунин ниходе низоми иктисоди байнулмилалии феълиро, ки тахти тасаллути кишвархои санъатии Гарб аст, ба чолиш хохад кашид.Бо ин ки Гузориши арзёбии хатароти амниятии мутаваччехи Омрико аз бисёре чихот маъкулу мантикист, он аз як натичагирии ошкор дар мавриди барномахои рохбурдй (стротежик)-и Русия худдорй мекунад: Маскав, бо таъкиди дубора руи тавони низомй ва иктисодии худ ва ба чолиш кашидани Гарб бо кумак ва ташвики Техрон, мехохад тавозуни пасо-кумунизмии Урупо, Ховари Миёна ва дар кул чахонро тагйир дихад ва дар вокеъ, дорад бартарии Омрико дар чахони пас аз Чанги Сардро ба чолиш мекашад. Ин ки комгор хохад шуд ё на, мавзуъи дигарест. Ва равшан хам нест, ки оё сиёсатгузорони омрикойи аз тавонойихо ва хостахои Кремлин огоханд ё на. Ва агар огоханд
, пурсиши баъдй ин аст, ки оё Вошингтун аз иродаи сиёсие бархурдор хаст, ки накшахои Русияро накши бар об кунад.Ёддошти сардабир: Ариел Кохен
пажухишгари Муассисаи мутолеъоти Русия ва Уруосиё ва амнияти байнулмилалии энержй дар Бунёди Мерос аст. Лайос Шашдй дар тахияи ин гузориш сахм доштааст.