ХУКУКИ БАШАР
Youth
Entertainment
tajikistanweb.com
Зариф Ализода, намояндаи раисичумхурй дар мачлис гуфт, ки ин фарди ваколатдор тавассути раисичумхурй ба муддати 5 сол мансуб мешавад. Аммо пеш аз он карор аст Мачлиси Намояндагон номзадии уро таъйид кунад. Номзади таъйидшуда пас аз адои савганд ба вазифаи худ мепардозад.
Ализода афзуд, ки ваколатдор дар умури хукуки башар бояд беш аз 35 сол ва тахсилоти олии хукукй дошта бошад. Як нафар метавонад танхо ду давраи паихам ин макомро ба душ дошта бошад.
Мухйиддин Кабирй, рахбари Хизби Нахзати Исломй, танхо намояндаи порлумон буд, ки барои бехбуди тархи конун пешниходе кард. Пешниходи у ин буд, ки макоми мудофеъи хукуки башар интихобй бошад, на интисобй. Пешниходи Кабирй аз суи аксарияти намояндагони мачлис рад шуд ва хамаи 60 узви хозири мачлис ба иттифоки оро тархи пешниходии давлатро тасвиб карданд.
Эчоди макоми мудофеъи хукуки башарро Эмомалии Рахмон дар суханронии солонааш дар порлумон мохи оврил (апрел)-и соли гузашта эълом кард. У дар вокеъ дар пайравй аз тавсияи Луиз Арбор, Кумисери Олии Созмони Милал дар умури панохандагон ба хангоми дидораш аз Душанбе ин тасмимро гирифт. Аз он замон то кунун фаъъолони хукуки башар дар Точикистон ин пурсишро матрах кардаанд, ки ниходи нав то кучо аз давлат мустакил хохад буд. Дар кишвари худкомае чун Точикистон гумон намеравад, ки раисичумхурй як мунтакиди сарсахти худро ба ин маком баргуморад.
Дар минтака чанд намунаи бориз вучуд дорад. Хатто кишвари тутолитере чун Узбакистон аз ин ниход махрум нест. Дар мохи оврили соли 2003 порлумони Узбакистон Конуни Асосии кишварро ислох кард, то моддаи марбут ба Ваколатдори порлумонии хукуки башар вориди он шавад. Рузи 27 оврили соли 2004 конуни Вакили Мачлиси Олии Чумхурии Узбакистон дар умури хукуки башар (омбудсман) тасвиб шуд. Се сол пас аз он як панохандаи узбак дар торнамо (сайт)-и Крейг Моррей (сафири пешини Бритониё дар Тошканд) навишт:
Оё хич замонате хаст, ки дар оянда як торнамои дигар аз як панохандаи точик чунин номае дарёфт накунад?
Ин ки хамаи вакилони хукуки башар дар Осиёи Миёна мачбуранд дар ростои хушнудии давлатхояшон бикушанд, пиндори галатест. Киргизистон борхо танхо ба хотири вакили мустакиллу ошкоргуйи худ дар заминаи хукуки башар дар хабархои чахон чилва кард.
Дар минтакае, ки андак касоне чуръат мекунанд иродаи раисони чумхуриро ба чолиш бикашанд, Турсунбой Бокируулу, вакили хукуки башари Киргизистон, марде буд, ки назароти хилофи дидгоххои давлатро матрах мекард. Ба кавли бархе аз нозирон, у вокеъан сазовори унвони киргизии «Акийкатчй» (ростгуй) буд. Турсунбой Бокируулу аз рузи 21 нувомбри 2002 то 14 феврийеи 2008 дар конуни хабархои хаячонангези минтака карор дошт. Рузи 14 феврийе порлумони Киргизистон Турсунбек Окунро ба ин маком баргузид. Чахор номзади дигар хам довталаби ишголи ин маком буданд, аммо аксарияти намояндагон (50 дар баробари 26) дар як раъйгирии сиррй аз номзадии Окун химоят карданд.
Оё мешавад умедвор буд, ки Бокируулуи точике вориди арсаи сиёсй хохад шуд? Аслан мухтамал ба назар намерасад. Бо таваччух ба демукросии тазохурии давлати Точикистон метавон гузоришхои расмии вакили хукуки башари онро аз хамин холо хадс зад. Афзун бар ин, вакиле, ки аз суи раисичумхурй таъйину мансуб шуда бошад, бештар ба хамтои узбакаш шабохат хохад дошт, то киргиз.