Хатароти рулети русй
POLITICS
Youth
Entertainment
МУРТАБИТ
tajikistanweb.com
Сипас он ба шархи хашми Рахмон аз дандони тило мепардозад, ки ба мамнуъияти он мунчар шуд, чун «ба гуфтаи Рахмон, вакте ки муаллимони рустохо чунин сарватеро ба намоиш мегузоранд, чи гуна метавон аз созмонхои байнулмилалй кумак гирифт?»
Хамин чанд мох пеш рузномахои русй аз кеши шахсияти дар вокеъ озорандаи Рахмон гилояе надоштанд. Замоне буд расонахои русй дар таквияти кеши шахсияти у талош мекарданду аз худ моя мегузоштанд, ба гунае ки шуморахое аз мачаллахои барроки русй ба куллй ба Рахмон (Рахмонов) ихтисос дошт. Яке аз он мачаллахо аз Владимир Путин (дар макоми нахуствазирии Русия) накли
кавл карда буд: «Эмомалй Рахмонов дар миёни сиёсатмадорони Чиргаи кишвархои мустакилли хамсуд чойгохи вижаеро дорад. Ва ин як амри тасодуфй нест. Талошхои у намоёнгари раванди сулхи Точикистон аст , ки дар хич кишвари дигаре мушохида намешавад .» ( В . Путин, «Огонёк», 1999).Уфти
Рахмон, ки аз суи матбуъоти Русия бо махорат хидояту ичро мешавад, тадричй буд. Дар пайи тагйири мавзеъи 180-дарачайии Узбакистон пас аз хаводиси Андичон (2005) хамаи тарххои азими Точикистону Русия яке пас аз дигаре мухтал шуданд. Он даста аз карордодхо, ки ичрояшон пеш аз тагйири мавзеъи Тошканд огоз шуда буд, чон ба саломат бурданд. Макомоти Русия давлати нигарони Точикистонро дилдорй медоданд, ки бозгашти бошукухи Узбакистон ба огуши Маскав бар равобити Русия бо Душанбе таъсире нахохад гузошт. Вале чи касе бовараш мешуд?Омрикои шармсор пас аз ронда шудан аз хоки нопазирои Узбакистон хамаи сурох-сунбахои мумкини минтакаро дарнавардид, то нирухояшро ба чое дигар мунтакил кунад. Дар паи чанчоли Андичон Доналд Рамсфелд (вазири дифоъи Омрико дар он давра) се бор бо хузури худ Душанберо ба сархатти хабархо кашонд. Кондализа Райс хам саъй кард пеши макомоти точик аз чилвахои дилрубоаш кор бигирад. Ба
дунболи у чандин макоми дигари омрикойи ба Душанбе шитофтанд . Рахмон дар он рузхо ба шиддат андешаманду сокит буд ва сари пешниходхои низомии абаркудрати чахон андеша мекард. Хамин кофй буд, ки оташи рашку хасодати Русия бо шиддате бештар шуъла бикашад. Дар натича Рахмон бахши умдае аз эътимоди Путинро аз даст дод. Эътимоде, ки бидуни он хам зери зарбахои лафзии Каримов алайхи точикон лех (пачак) шуда буд. Ин иттифок пеш аз он уфтод, ки Рахмон саранчом тасмим гирифт «панохчуёни низомй»-и омрикойиро низ биранчонад.Дигар гумон намеравад, ки Рахмон дубора акси мутабассимашро руи чилди барроки шумораи ихтисосии як мачаллаи русй бибинад. Чун ин танхо рузномаи вилоятии
St-Petersburg Times нест, ки ба чои созишу навозиш тозишро пеша кардааст. «Коршиносон»-и рус Сергей Михеев, Андрей Грозин ва амсолихум бо истифода аз каламхои шамшерворашон дар паи озори фарди махбуби собики Русия дар Точикистон хастанд. Грозин дар «тахлил»-и ихтисосиаш ба торнамои KM.ru пешгуйи кардааст, ки бо сарфи 1.5 милюн дулор вазъи Точикистонро метавон ба рохатй ба хам зад. Яъне хар сармоядори русе метавонад дар сурати тамоюл чои Рахмон дар Душанбе арусак (лухтак)-и худашро дошта бошад. Аз суи дигар, Михеев аз хамин холо накшаи сиёсии чадиди минтакаро дар зехни худ кашидааст, ки дар он устони Сугд дар каламрави кишвари хамсоя аст.
Соъати Рахмон берахмона тик-тик мекунад. Гумон намеравад, ки сиёсати хоричии Русия дар ояндаи наздик иваз шавад, чун Путин касд надорад то соли 2020 аз макоми тасмимгирй канор биравад. Дар холе ки Рахмон касд дорад дакикан то хамон соли 2020 руи курсии раёсати чумхурй бимонад. Вале оё давом хохад овард?