web.com

Подоши хурдагирй

See also

Дориюши Рачабиён
tajikistanweb.com

240108 - Дахшати сапеди 2008 дижхимона дар Точикистон худнамои мекунад ва то кунун чони чанд навзодро дар зоишгоххои кишвар гирифтааст. Сарфи назар аз изхороти шитобони макомоти Вазорати бехдошт, ки мункири иртиботи он мавориди маргумир бо бухрони энержии чорй шуданд, нозирони бисёре муътакиданд, ки набуди барк ё женеротурхои барк дар зоишгоххо мустакиман ба саломати кудакон асар гузошта ва саранчом ба марги онхо анчомидааст.

Вазорати бехдошт таъкид мекунад, ки 39 дастгох женеротур миёни зоишгоххо тавзеъ шудааст ва хамаи онхо фаъъоланд. Аммо афроде, ки дар ин муассисот будаанд, мегуянд, ки бештари онхо сарду ториканд ва бархе аз женеротурхо ба ягмо рафтаанд. Хабархои таъйиднашуда шумори курбониён аз чумлаи навзодонро шаш то дувоздах тан хадс мезананд.

Дар ин миён Мухаммадсаъид Убайдуллоев – шахрдори пойтахт шомгохи сешанбе як нишасти изтирорй фаро хонд, то бо Шарифхон Самиев – раиси ширкати Барки Точик бухрони чориро баррасй кунад. Самиев бори дигар таъкид кард, ки барои мукобила бо бухрон мардум бояд зарурати сарфачуи аз нируи баркро дарк кунанд. Дар холе ки хамин холо хам барк барои саросари кишвар чирабандй шудааст.

Шахрдор ба навбаи худ дастур дод, ки чараёни барк ба гармобахои хамагонй катъ шавад ва ба чои он мактабхо, кудакистонхо, бемористонро ва сохтмонхои чандтабака бо барк таъмин шаванд.

Дастурро метавон содир кард, аммо хамин сохтмонхову таъсисот хам дар сардтарин давраи чанд дахаи кишвар аз гармо махруманд. Макомоти точик масъулияти набуди барк дар сохтмонхои мазкурро ба души ононе хавола кардаанд, ки аз дастгоххои гармоишии кавй кор мегиранд ва боъиси катъии барк мешаванд.

Убайдуллоев танхо шахрдорест, ки бо истифода аз эътибораш ба унвони шахси дуввуми мутанаффизи кишвар метавонад раиси Барки Точикро ба утокаш фаро бихонад ва бо у мушкилоти шахрашро дар миён бигзорад. Эхтимолан, манзури Самиев хам дар рузи чахоршанбе (23 жонвийе) хамин мавзуъ буд, ки мегуфт, вокуниши мардуми пойтахт ба набуди барк «бисёр сахт» аст. У дар иваз аз мардуми нохияхову вилоятхо сипосгузорй кард, ки ба гуфтаи у, аз вазъияти бади феълй дарки бехтаре доранд. Ба унвони «такдир» аз сабру шикебоии мардуми навохиву устонхо, Самиев махдудиятхои тоза дар тавзеъи барк барои навохй ва вилоётро эълом кард. Дар холе ки барои мардуми «хурдагир»-и Душанбе ин кавл дода шуд, ки хатталимкон аз барк бахравар хоханд буд.

Дар пайи огози бухрони энержй сахми Кургонтеппа аз барки чумхурй рузона 500 хазор килувот дар соъат таъйин шуда буд. Ахиран Барки Точик тасмим гирифтааст беш аз нисфи он сахмияро нигах дорад ва акнун Кургонтеппа мачбур аст ба нахве бо рузона 209 хазор килувот дар соъат барк канор биёяд. Бештари нохияхои устони Хатлон аз тачаммули равшану гарм кардани хонахои сарду торикашон куллан махруманд.

Дар шимоли кишвар хам авзоъ аз хамин карор аст. Дар номае, ки торнамои Fergana.ru аз устони Сугд дарёфт ва мунташир кардааст, мехонем: «Бар асари сармои ду хафтаи ахир чандин фарди бознишаста дар Чкаловск чон додаанд.» Имзокунандагони нома, ки номашон наомадааст, раисичумхур Рахмонро ба нотавонй дар халли бухрон муттахам кардаанд.

Бино ба сахмиябандии ахир, хар кадом аз ин ду устон рузона як милюн килувот дар соъат барк дарёфт мекунанд.

Шодй Шабдолов, рахбари Хизби Кумунист, бар ин бовар аст, ки рохи худдорй аз эъмоли сахмиябандии барк вучуд дорад. Корхонаи алюминиюми Турсунзода бахши аъзами барки кишварро мебалъад, ки худуди 22 милюн кв/с дар руз баровард шудааст. Ба гуфтаи Шабдолов, метавон корхонаро муваккатан мутаваккиф кард, то хафт милюн чамъияти Точикистон аз барк махрум намонанд. Аммо равобити танготанги корхона бо сардамдорони кишвар ин руи ин пешниход сарпуш гузоштааст.

Бо вучуди ин, рузи чахоршанбе Шарифчон Самиев ба корхонаи алюминиюм хам ишораи гузарое дошт ва гуфт, ки аз сахмияи рузонаи он ду милюн кв/с кохиш хохад ёфт. Зимни мукоисаи он ду милюн бо як милюн кв/с барке, ки барои хар як аз устонхо тавзеъ мешавад, метавон мухтавои пешниходи Шабдоловро бехтар дарк кард.

Аммо обу хавои беамон сахттарин зарбаи худро барои рузи одина хифз кардааст, ки интизор меравад дамои хаво ба таври рекурдшикан ба 24 дарача зери сифр сукут кунад. Дар паи он хавои 14 дарача зери сифри рузи душанбеи оянда барои миллати сабуру шикебои Точикистон «мулоим» махсуб хохад шуд. Вале изхори назари Шафричон Самиев ёдамон наравад, ки хокй аз мантики у буд: афроди шикебо камтар гирашон меояд, дар холе ки афроди бешикебу хурдагир подоши хуб мегиранд.

English

ENVIRONMENT

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

Education