web.com

Сахттарин зимистони дахсолахо Точикистонро гирифтори бухрони ичтимоъи - иктисоди карда ва макомотро водоштааст , ки даст ба гузинишхои душворе бизананд . Кишвар акнун дар чанги вазъияти изтирории энержй такалло мекунад ва бисёре аз манотики он аз нируи барк ба куллй махрум шудаанд . Аммо талош барои халли бухрон дар кишваре , ки беш аз 50 дарсади чамъияташ зери хатти факр ба сар мебаранд , метавонад таварруми хатарнокеро ба бор оварад .

Тайи чанд хафтаи ахир дамои хаво дар шахри Душанбе давру бари 20 дарача зери сифр навасон дошт. Дамои хавои рекурдии -22 дарача дар Душанбе рузи 19 жонвийе ба сабт расид, ки аз соли 1982 то кунун собика надоштааст. Зерсохтхои фарсудаи кишвар тавони мувочеха бо сарморо надоштанд ва боъиси таваккуфи чараёни барк шуданд.

Мардуми шахри Душанбе хамчунон яке
- ду соъат барк дар руз дарёфт мекунанд, аммо бисёре аз онхо аз набуди гармо дар хонахояшон гиламанданд.

Авзоъ дар берун аз пойтахт ба маротиб бадтар аст. Хабаргузории
Asia-Plus гузориш медихад, ки интиколи барк ба чандин нохияи устони Хатлон дар чануби кишвар катъ шудааст. Мактабхо баста шудаанд ва бисёре аз корхонахои кучаки санъатй фаъолияти худро мутаваккиф кардаанд. Марги чанд навзод дар зоишгоххо аз паёмадхои сармо ва набуди барк арзёбй шудааст. Бухрон ба андозае шадид аст, ки макомот рузи 15 жонвийе тасмим гирифтанд микдори андаке аз барки Корхонаи Алюминиюми Точикро ба мояхточи маъишй равона карданд. Корхонаи Алюминиюм аз арзишмандтарин сармояхои кишвар аст ва бештарин микдори нируи баркро масраф мекунад.

Обанбор ва ниругохи Норак низ дар ташдиди бухрон сахм дорад. Ин ниругох бештари нируи барки Точикистон барои масрафи дохилиро тавлид мекунад ва акнун ба кавли макомот, мизони оби он кохиш ёфтааст. Дар натича, ба гуфтаи ширкати давлатии Барки Точик, чандин дастгохи ниругохи Норак аз кор бозмондааст. Дар ин миён, мизони барки воридотй аз кишвархои хамсоя низ кохиш ёфтааст. Сарфи назар аз таъаххуди Узбакистон барои судури рузона 10 милюн килувот
/ соъат барк, Тошканд интиколи барк ба Точикистонро дар авоили мохи жонвийе катъ кард. Ва Туркманистон рузона танхо 3 милюн килувот / соъат баркро ба Точикистон содир мекунад.

Бисёре аз мардуми Точикистон муътакиданд, ки бухрони чорй нотавонии давлати Эмомалии Рахмон дар рохандозии тарххои зерсохтиро барчаста кардааст. Сохтмони чандин ниругохи обй чараён дорад. Нахустин дастгохи яке аз онхо, мавсум ба Сангтуда
-1, рузи 20 жонвийе огоз ба кор кард, аммо 2.7 милюн кв / с зарфияти тавлиде, ки карор аст ин дастгох дошта бошад, дар халли бухрони энержй корсоз нахохад буд. Шахри Душанбе ба танхои ба 12 милюн кв / соъат барк дар руз ниёз дорад.

Бархе аз тахлилгарони сиёсии махаллй бедиранг ин мавзуъро матрах мекунанд, ки амалиёти сохтмонии Сангтуда
-1 умдатан тахти назари ширкати давлатии РАО ЕЭС - и Русия карор дорад ; аз ин ру мардуми Точикистон набояд интизори дарёфти суди фаврй ё хатто дарозмуддат аз ин тархро дошта бошанд.

Сохтмони садди Рогун, ки як пружеи мухимми дигар аст, мутаваккиф шудааст. Макомоти Точикистон карордоди худ бо ширкати алюминиюми гулосои РусАЛ
- ро дар мохи ут (август) фасх карданд. Давлати Рахмон кавл додааст, ки казияи сохтмони Рогунро пайгирй хохад кард , аммо то кунун сармоягузори дигаре пайдо нашудааст. Бино ба бархе баровардхо, кимати сохтмони ниругохи Рогун 2 милёрд дулор хохад буд ва Точикистон аз паси пардохти он бар нахохад омад. Созмони Иттилоъоти Марказии Омрико баровард кардааст, ки будчаи давлатии Точикистон ба унвони факиртарин кишвари Осиёи Миёна худуди 614 милюн дулор дар сол аст.

Холу хаво дар кишвар ба андозаи сармои хоким сарду торик аст. Дар тафсире, ки хабаргузории
Asia-Plus рузи 17 жонвийе мунташир кард, мехонем : « Ин танхо табиъат нест, ки Точикистонро ба хошия рондааст, балки мавкеъияти жеупулитик хам хаст. Сарфи назар аз ин ки хамсояамон Афгонистони бесубот бошад ё Узбакистон босубот, хар чо менигарй, бо бунбасте рубару хастй. Зимистони имсол бори дигар собит кард , ки авомили дарунй ва берунй боъиси афзоиши шакку тардидхо дар мавриди ичрои ин тарххо ва ояндаи равшани мо мешавад. »

Хар навъ талош барои кохиши вобастагии Точикистон ба манобеъи энержии хоричй хатари эчоди дардисари фаровон барои мардумро дар бар дорад. Ба гузориши хабаргузории Авесто, Шукурчон Зухуров вазири кор ва таъмини ичтимоъии Точикистон рузи 23 жонвийе эълом кард, ки беш аз нисфи чамъияти кишвар дар факру бенавои ба сар мебаранд. Вай гуфт, ки кимати мояхточи ибтидои дар мох 216 сомонист, дар холе ки миёнгини дастмузди мохона 157 сомонист.

Ба далели сатхи баланди фишори иктисодй имкони зиёде барои анчоми ислохоти сохторй вучуд надорад. Барои намуна, Точикистон бино ба тавсияи Бонки Чахонй кавл додааст, ки нархи нируи баркро афзоиш хохад дод
, то битавонад бахши энержиро мудернизе кунад ва дар тазмини чараёни мунтазами барк бикушад. Бонки Чахонй дар баёнияи 15 жонвийеи худ навишт: «Миёнгини таъруфаи барк дар Точикистон хамчунон аз поинтарин таъруфахои барк дар чахон аст.» Бозтоби расонахои махаллй аз 40 дарсад афзоиши кимати энержй хокй аз изтироби шадид буд.

Бархе аз нозирони махаллй мегуянд, ки рохи амалие барои ичрои таъаххуди Точикистон дар баробари Бонки Чахонй вучуд надорад, ки мунчар ба хашми милюнхо тан аз мардуми кишвар нашавад.
Афзоиши кимати хар навъ колои мавриди ниёзи умум метавонад ба афзоиши таваррум бианчомад, ки барои амнияти ичтимоъй бисёр хатарнок аст. Хатто бидуни фишори изофии бухрони энержй суъуди нархи таваррум дар Точикистон шитоби фузуне дошт. Он дар миёни кишвархои шуравии пешин аз чумлаи пуршитобтарин нарххои таваррум аст.

Дар холе ки рохи халли содае ба назар намерасад, бакои вазъияти феълй низ муяссар нахохад буд. Бухрони энержй бо суръат бар хачми бидихихои Точикистон меафзояд. Аз хамин холо шуморе аз бахшхои умдаи иктисод зери бори карзхо мутазалзил шудаанд. Барои намуна, гузориш шудааст, ки бидихии пунбакорон тайи соли 2007 ба худуди 500 милюн дулор расидааст.

Ёддошти сардабир: Константин Паршин як хабарнигори озоди мукими Душанбе аст. Дар
тахияи ин гузориш Комбизи Ормон низ сахм доштааст .

English

BUSINESS

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

Education