Рахмони умедвор дар Маскав
СИЁСАТ
Youth
Entertainment
tajikistanweb.com
Яке аз мавориди нодири нишасти сарон дар Маскав ин буд, ки Владимир Путин хакоики бешумори хамалоти бегонаситезона дар Русияро пазируфт.
Вазорати кишвар (дохила)-и Русия таъйид кардааст, ки дар соли 2007 356 мавриди чурму чиноят бо ангезахои кавмй сабт шудааст, ки 2.6 баробар бештар аз соли 2004 аст. Бино ба додахои маркази дифоъ аз хукуки башар мавсум ба СОВА, дар мохи жонвийе (январ) шаш тан ба далоили кавмй ва нажодй кушта шудаанд. Ба гуфтаи хамин манбаъ, танхо дар 22 рузи мохи феврийе шаш киргиз, ду озарй, ду кобордину болкор, як точик ва як узбак кушта шудаанд.
Хабаргузории Руйтер бо накли кавл аз Путин менависад: «Мо барои пайдо кардан, мухокима ва мучозоти ин чинояткорон хатталимкон талош хохем кард. Шахрвандони кишвархои мустакилли хамсуд, аз чумла Русия, акнун бо мушкилоти ношй аз тачдиди фаъъолияти бегонаситезон бархурд мекунанд ва хатто зиндагии онхо дар маърази хатар карор гирифтааст.»
Ин мавзуъ танхо марбут ба чавонони русе намешавад, ки сархояшонро пок метарошанду дар саросари кишвар афроди нослов (гайриславян)-ро гир меоранд ва корд мезананду мекушанд. Ин хамалот маъмулан филмбардорй ва дар шабакаи чахонии Интернет мунташир мешавад. Аммо бархурди нажодпарастонаи пулиси Русия маъмулан барои тамошои умум филмбардорй намешавад. Точикхо дар садри фехрести курбониёни бадрафтории пулиси Русия карор доранд. Бино ба пажухиши муассисаи
Владимир Путин гуфт, ки такрибан хамаи хамтоёнаш аз кишвархои мустакилли хамсуд дар гуфтугухои хусусй мавзуъи бегонаситезй дар Русияро бо у матрах кардаанд. Аммо хабаргузорихо танхо аз сухбатхои марбутаи раисичумхурии Киргизистон бо Путин гузориш доданд. Ин дидор бо баргузории тазохуроти бузург дар майдони Пирузии Бишкек дар эътироз ба хамалоти нажодпарастонаи ахир ба шахрвандони Киргизистон дар Русия мусодиф шуд. Порлумони Киргизистон ба навбаи худ баёнияеро дар такбехи он хамалоти маргбор содир кард. Рузи панчуми феврийе хабаргузории Кабари Киргизистон гузориш дод, ки тайи соли 2007 350 шахрванди ин кишвар дар Русия чон додаанд. Дакикан равшан нест, ки чи
теъдод аз онхо курбонии танаффури нажодии русхо будаанд.Зохиран, шумори курбониёни точики бегонаситезй дар Русия андаке бештар аз хамтакдирони киргизи онхост. Ба гузориши Регнум, тайи соли 2007 356 тан аз мухочирони кории точик дар Русия чон додаанд. 69 тан аз онхо кушта шудаанд – 27 тан бештар аз соли 2006. Одил Нурмаков аз торнамои
Global Voices Online ин ракамро бо 450 сарбози омрикойии кушташуда дар корзори Афгонистон мукоиса мекунад.
Аммо ин омор на мардумро ба майдонхои Душанбе овард ва на порлумони Точикистонро водошт, ки як баёнияи эътирозй мунташир кунад. Дар соли 2006 котилони навчавони як духтабачаи нухсолаи точик тавассути додгохи Санкт-Петерзбург ба 18 то панчу ним сол зиндон махкум шуданд. Амали котилон расман «авбошй» унвон шуд. Падари курбонй аланан ба хукми осонгиронаи додгох эътироз кард, аммо вокуниши Сафорати Точикистон чизе ба чуз изхори «дилсардии амик» аз хукми додгох набуд.
Гузоришхои расида аз Маскав хокист, ки Эмомалии Рахмон нахостааст бо тархи шикоят аз фошистхои рус фархундагии Путинро ба хам бизанад. Бидуни он хам у бо масоиле ба хузури Путин бор ёфта буд, ки хох-нохох ба кудурати хотири Окподшох меанчомид.
Дидоре, ки ба эхтимоли зиёд охирин мулокоти рубаруи Рахмон бо Путин буд, тахти шароите мутафовит сурат гирифт: Рахмон дигар бахше бузурге аз мехри мунхасир ба фарди Путин ба худашро аз даст додааст ва бахше аз пайкари у, ки дигар пушти сипари Русия карор надорад, аз сармои ахир хамчунон меларзад.
Нишасти сарон барои Рахмон фурсати муносиберо барои илтимоси кумак аз Путин фарохам овард. Вай ба маънии дакики калима шитобон
ба Кремлин расид, аз ин ру дуввумин раисичумхуре буд, ки дидори рубару бо Путин пеш аз баргузории нишасти сарон барояш муяссар шуд.Владимир Путин, дар холе ки ба номаи расмии Рахмон нигох мекард, эълом дошт, ки Русия то кунун ба Точикистон кумак карда ва чандин истгохи дизелии тавлиди барк фиристодааст. Аммо Рахмон талош кард бо таъкид бар чузъиёти раъшаовари фочеъаи зимистони имсол дар Точикистон раисичумхурии Русияро мутаассир кунад. У гуфт, ки Душанбе дар шабонаруз факат хашт соъат барк дорад
, 90 дарсади саноеъ аз фаъъолият боз мондааст ва хачми хисороти ворида аз зимистони нохинчор аз як милиёрд дулор фаротар рафтааст. Ин омор аз аркоме, ки каблан дар Душанбе эълом шуда буд, фарк мекунад.Ин бор Рахмон бо шуру харорат аз «хамкории стротежик»-аш бо Русия сухбат намекард. Хамин як мох пеш хангоми рохандозии нахустин вохиди ниругохи обии Сангтуда-1 вай нозиронро бо баёни пуршуру хаячонаш шигифтзада карда буд: «Ба ин дустй мегуянд! Ба ин хамкорй мегуянд! Ин аввалин намунаи ошкори ичрои як тархи муштараки давлатхои бузурги Русия ва Точикистон дар заминаи энержии обй дар Иттиходи Шуравии собик 15 ё 16 сол баъд аз фурупошии он аст. Ба
ин хамкории стратегй мегуянд ! Ин иттиход аст !»Бино ба додахои мачаллаи «Экономист»-и чопи Ландан, дар чадвали кишвархое, ки муттакй ба пулхои ворида аз бурунмарз
хастанд, Точикистон дар чахон макоми чахорумро дорад. Бештари ин пул аз суи мухочирони корй дар Русия ба хонаводахояшон фиристода мешавад. Ин маболиг дар соли 2006 37 дарсади даромади нохолиси миллии кишварро ташкил дод.Рахмон аз паёмадхои фачеъи кохиши хадди нисоби мухочиронии кории точик дар Русия ба хубй огох аст. Ба баёне дакиктар, бахши азиме аз
тахти у бар руи шонахои мухочирони точики мукими Русия орамидааст.