Youth
Science
Entertainment
ФАРХАНГ
tajikistanweb.com
Хаувард Ашфорд, мушовири сафорат дар умури сиёсй, рузи 23 маи 1964 дар гузорише ба Вазорати хоричаи Омрико аз сиёсати чадиди давлати Афгонистон дар заминаи забон хабар медихад. Чолиб ин чост, ки унвони ин санади махрамонаи пешин «Форсй-дахрй» забони расмй шуд» аст.
У бо ишора ба руйдодхои 4 оврили 1964 ошкор мекунад, ки Абдуззохир, раиси вакти Мачличи Миллй ва Кумисиюни машваратии Конуни Асосии Афгонистон (ки баъдан нахуствазир шуд) ба муъовини сафири Омрико гуфтааст, ки дар ин кишвар ду забони расмй хохад буд: пашту ва форсй, «аммо забони дуввумй аз ин ба баъд «дахрй» ном хохад дошт.» («Дахрй» хиччаи нодурусти вожаи «дарй»-ст, ки тавассути Зохир Шох вориди Конуни Асосй шуд).
Дар ин
санад иттилоъи машкуке хаст дар мавриди «ду гуиши забони форсй, ки дар Афгонистон роич аст.» Мушовири сафорат он ду гуишро бо котеъият «форсии пахлавй» ва «форсии дахрй» меномад. Ба назари у, «форсии пахлавй» гуиши эронист, ки аз садаи 18 милодй ба баъд ба унвони забони адабии Афгонистон ривочи густарда доштааст. Нависандаи гузориш бо истинод ба суханони «хаводорони афгони дахрй» менависад, ки ин гуиш аз хазорон сол пеш дар Афгонистон буда ва дар хамон чо шакл гирифтааст.Ба эхтимоли кавй, манзур аз «Пахлавй» номи дудмони хоким дар кишвари хамсояи Афгонистон буда, на мутародифи номи порсии миёна, ки забони роичи ахди Сосониён буд. Агар манзур маънии охири вожа бошад
, пас ин иддаъо ба куллй пуч аст, чун он забон ба он шакл дигар вучуд надорад.Нависандаи ин санади махрамона дар шархи иддаъояш меафзояд: «Дудмонхои салтанатии точик дар Хирот ва Газнй аз садаи 9 то 16 аз хамин гуиши форсй (яъне дахрй) кор гирифтаанд. Тафовути миёни ин гуишхо, ки бо тафовути миёни забардастони паштун ва зердастони форсизабони онхо муртабит аст, дар мохи морс (март) дар кумисиюн матрах шуд. Як узви паштуни кумисиюн пешниход кард, ки дар тадвини тархи Конуни Асосй истилохоте ба кор равад, ки давлатро ба
химоят аз покиву хулуси забони пашту ва таъкид руи корбурди он ба унвони забони миллй муваззаф кунад.»Дар нигохи нахуст миёни иллат ва маълули ин икдом иртиботи мантикии заъифе мушохида мешавад. Як узви паштуни мачлис пешниход кардааст, ки заминаи тахкиму таквияти забони модарии уро фарохам кунанд ва порлумон хам тасмим гирифтааст, ки номи забони порсиро ба «дарй» тагйир дихад. Тиккаи пинхони иттилоъ ин аст, ки хуввияти тозаи забони порсии Афгонистон онро дар чахорчуби кишвар махсур хохад кард ва пайванди он бо порсии Эронро хохад бурид.
« Хулусу покй» ва «тахкиму таквият» танхо барои забони пашту тазмин шудааст.
Абдуззохир ба монанди Зохиршох аз хомиёни дуоташаи паштунхо ва Паштунистон буд. Дар соли 1972 Абдуззохир дар макоми нахуствазирии Афгонистон «дастури таквият ва таъмини молии бештари Идораи Умури Паштунистонро имзо кард. У дастур дод, ки ин идора бо рохандозии як корзори таблиготй Паштунистонро бунёд гузорад.»
Як мавриди кобили мулохизаи дигар дар номаи Ашфорд хиччаи галати вожаи «дарй» аст. Метавон хадс зад, ки ин вожа ба андозае барои омрикоихо ноошно будааст, ки онхо аз хичча ва талаффузи дурусти он хам очиз будаанд. Ин
истилох дар гузоришхои пешини сафорат дида намешавад . Херберт Леггетт, салафи Ашфорд, дар мохи жуийе (июл)-и 1963 дар гузориши худ ба Вазорати хоричаи Омрико чи аз «дахрй» - ву чи аз « дарй» ёде намекунад.У менависад: «Рузи 30 жуан (июн)-и 1963 матбуъоти Кобул аз тагйири номхои чахор бемористони вобаста ба Донишгохи Кобул хабар дод. Хамаи ин бемористонхо, ки каблан номхои форсй ва арабй доштанд, ба забони пашту номгузорй шуданд.»
Манзури Леггетт Шифохонаи Алиобод, Шифохонаи Марказй, Дорулмачонин ва
Шифохонаи Хонум ё Насвон буда , ки дар он руз ба Нодир Шох Ругтун, Марказй Катанзай, Санаи Ругтун ва Д ’ Нирмуно Ругтун тагйири ном карданд. Вале имруз хам ин бемористонхо бештар бо номхои каблишон шинохта мешаванд.Сиддикуллох Риштин, раиси Фархангистони Пашту дар соли 1963 бар ин бовар буд, ки тагйири номхо бахше аз сиёсати пайгиронаи давлат барои «чо андохтани забони пашту ба унвони танхо забони расмии Афгонистон» аст
. Риштин бо ин гуфтаи маъмури омрикойи мувофикат накардааст , ки забони форсй lingua franca ё забони муъоширати саросарии кишвар аст ва ин ки шумори зиёде аз макомоти аслии давлат пашту балад нестанд. Дар ин гузориш мехонем: «Риштин гуфт, ки ин иддаъо муболигаомез аст ва ба хар хол факат як фарханги ростини «афгонй» вучуд дорад ва он фарханги «паштун» аст.»Риштин дар таърифи мафхуми «афгон» ба унвони номе, ки паштунхо барои худ писандидаанд, хакбачониб буд, Аз лихози кавмшинохтй, «афгон» истилохест, ки порсигуён дар мавриди паштунхо ба кор мебаранд. Донишномаи Иронико дар тавзехи ин вожа менависад:
«
Истилохи «афгон» шояд аз дербоз ба маънии «паштун» мустаъмал буда бошад . Ин кавм бо номи «авагана» нахустин бор дар китоби «Брахат-самахита», навиштаи Вароха Михира, ахтаршиноси хиндй дар огози садаи шаши пеш аз милод ёд шудааст. Навиштахои сонскритй низ номи кавми «ашвакон»-ро овардаанд, ки баъдан ба «упагун» ва «опагон» тагйири шакл дод.»Шоёни зикр аст, ки вожаи «Афгонистон» хам ба масобехи номи кишвар танхо дар соли 1923 ба таъйиди расмй расиду тавассути шох Амонуллоххон вориди нахустин Конуни Асосии он шуд. Дар матни Конуни Асосии нахуст вожаи «афгон» ба маънии миллат ё кавмият наомадааст. Зохиршохи паштун, ки кавмгаро буд, дар талоше барои тазъифи нуфузи фарханги порсй дар Конуни Асосии соли 1964 эълом кард, ки хамаи шахрвандони Афгонистон, аъам аз зану мард, «афгон» махсуб мешаванд. Вале хатто имруз дар миёни порсигуёни Афгонистон вожаи «афгон» танхо ба маънии «паштун» аст.
Хатто худи Зохиршох, ки хатти машйи зиддипорсй дошт ва забони порсиро расман «дарй» номид, тарчех медод ба забони порсй сухбат кунад. Х. Леггетт, мушовири сафорати Омрико дар Афгонистон дар гузоришаш ба Вошингтун навишта буд: «Гузоришгари маъмур
аз изхори ин хакикати шармбортар худдорй кард, ки дар хонадони салтанатй (дарбори Зохиршох – twc) андак афродеро метавон ёфт, ки дониши кофии пашту дошта бошанд, ба вижа дар миёни насли чавонтари он.»Леггетт як хакикати этимулужики мухимми дигарро таъкид кардааст, ки вожаи «порсивон» дар забони пашту ба маънои «хар афгонест, ки забони модариаш порсист. Ва хамин вожа дар шакли «форсибон» хам вучуд дорад, ки бештар адабист ва камтар дар муховара ба кор меравад.»
Бад-ин гуна худи паштунхо хам кабул доранд, ки забони модарии точикхо порсй ё форсист, на дарй. Дарй нисбат ё сифатест, ки ба забони форсй дода шуда ва маъмулан ба дунболи мавсуф меояд: порсй (форсй)-и дарй,
ки ба маънои «забони дарборй»-ст.(
дунбола дорад)