Ба гузориши хабаргузории расмии Чин бо истинод ба хабаргузории Ховар, Хамрохон Зарифй, вазири хоричаи Точикистон, рузи душанбе гуфтааст, ки интихоботи раёсати чумхурии Русия дар торихи 2 март ба равобити дутарафаи Точикистону Русия таъсире нахохад гузошт.
Вазири хоричаи Точикистон дар як нишасти хабарй дар Душанбе гуфт, ки тахкими равобит бо Русия дар миёни авлавиятхои Точикистон карор дорад ва ин кишвар бузургтарин шарики бозаргонии Точикистон ба шумор меояд. Равобити ду кишвар дар заминаи энержй Русияро ба бузургтарин шарики тичории Точикистон табдил кардааст.
Бино ба омори давлатии Точикистон, хачми муъомилоти тичории миёни ду кишвар дар соли 2007 ба 857 милюн дулори омрикои расидааст, ки 75.2 дарсад бештар аз соли гузашта аст ва 21.8 дарсади муъомилоти хоричии Точикистонро ташкил медихад. Тайи соли гузаштаи мелодй хачми воридот ва содироти Точикистон мутаносибан 759.7 милюн ва 97.3 милюн дулорро ташкил додааст.
Зарифй: Интихоботи Русия ба равобити мо таъсир намегузорад
Youth
Science
Entertainment
POLITICS