web.com

CULTURE

Ба гузориши хабаргузории Мехр, Эрон ва Точикистон тайи як ришта барномахо дар соли 2008 ба иттифоки хам аз 1150 - умин солрузи Абуабдуллох Чаъфар ибни Мухаммади Рудакй (858 -941) тачлил хоханд кард.

Ин барномахо тибки карордоде, ки ахиран миёни Фархангистони улуми Чумхурии Точикистон ва созмони Мероси фархангй ва гардишгарй ва саноеъи дастии Эрон имзо шуд, анчом хохад гирифт.

Тохо Хошимй, мудири маркази пажухишии созмони Мероси фархангии Эрон рузи сешанбе (22 жонвийе) гуфт : « Бино ба ин тавофукнома, карор аст дар чанд шахри Эрон ва дар шахри Душанбе барномахои фарогире аз кабили семинорхо ва чашнворахои адабй баргузор шавад. Огози барнохо дар мохи септомбри 2008 аст.

Бунёди омузишй, илмй ва фархангии Созмони Милал (ЮНЕСКО) низ барои бузургдошти Рудакй бо химояти Афгонистон, Эрон, Точикистон ва Казокистон барномахоеро дар дасти ичро дорад.

Рудакй бузургтарин нобигаи адабиёти порсии нави буд, ки ба иншои ашъор ба хатти форсии арабй поя ниход.

У зодаи рустои Рудак (Панчруд) - и Хуросони Эрон аст. Ин русто акнун дар минтакаи Панчакати Точикистон вокеъ аст. Бештари зинданигоманависони Рудакй мегуянд, ки у комилан нобино будааст, аммо мутолеъаи дакики тасвири рангхо дар ашъори у эхтимоли нобино будани уро бисёр заъиф мекунад. Вай шоъири дарбори Насри Дуввум (914 -943), подшохи Сомонй дар Бухоро буд, аммо саранчом у мавриди бемехрй вокеъ шуд ва дар факру бенавои даргузашт.

Аз як милюну сесад хазор мисроъи мансуб ба Рудакй танхо 52 касида, газал ва рубоъй бокй мондааст.

Хамкории Эрону Точикистон барои бузургдошти Рудакй

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

Education