Рахмон: Тахкими равобит бо Омрико аз авлавиятхост
Хабаргузории расмии Чин: Эмомалии Рахмон – раисичумхурии Точикистон рузи сешанбе гуфт, ки пешбурди равобит бо Иёлоти Муттахида аз авлавиятхои сиёсати хоричии кишвараш аст.
Ба гузориши хабаргузории «Ховар»-и Точикистон, Рахмон, ки бо Дарёсолор Вилиам Фаллон, фармондехи Ситоди марказии Артиши Омрико дидор дошт, аз сатхи равобити низомии Точикистон бо Омрико изхори хушнудй кард ва гуфт, ки кишвараш дар ростои тахкими пайвандхо бо Вошингтун хохад кушид.
Фаллон гуфт, ки Иёлоти Муттахида аз химояти Точикистон аз нирухои НАТО дар Афгонистон сипосгузор аст ва интизор дорад бо Точикистон хамкорихои пурсамари бештаре дошта бошад.
Аз соли 2001 то кунун бахше аз нируи хавоии Фаронса барои ироаи кумаки фаннй ва лучестикй ба артиши Фаронса дар Афгонистон дар шахри Душанбе мустакар шудааст.
|
Иёлоти Муттахиддаи Омрико бузургтарин кумаккунандаи Точикистон аст. Беш аз 60 дарсади кумакхои хоричй ба Точикистон дар соли гузашта аз суи Омрико ироа шудааст.
|
POLITICS
Youth
Science
Entertainment