Хукуки башар ва созмонхои байнулмилалй
Маъсумаи Турфа
Созмони Дидбони Хукуки Башар, мустакар дар Омрико, мегуяд, ки истротежии чадиди Иттиходияи Урупо барои Осиёи Миёна бар зарурати бехбуди вазъияти хукуки башар дар минтака таъкид намекунад. Рейчел Денбер
Аммо Иттиходияи Урупо муддаъист, ки дар истротежии чадиди худ гуфтугухои мунтазами мунтач ба натичае дар бораи хукуки башар ва риъояти усули демукросиро шомил кардааст. Иттиходияи Урупо ба нишони таъкид бар ахамияте, ки барои минтака коил аст, кумаки худ ба Осиёи Миёна барои шаш соли ояндаро ду баробар мекунад.
Дидбони Хукуки Башар пайваста таъкид кардааст, ки истротежии чадиди Иттиходияи Урупо барои Осиёи Миёна бояд дорои хадафхои равшан бошад ва нигаронй бар сари вазъияти хукуки башарро дар сатхи сиёсй матрах кунад.
Пйер Моррел – намояндаи вижаи Иттиходияи Урупо дар Осиёи Миёна ва яке аз мудаввинони умдаи истротежии чадид мегуяд, ки дар ин истротежй хукуки башар, конунмадорй, мудирияти хуб ва ичоди кувваи додрасии мустакил аз чумлаи мухимтарин авлавиятхои Иттиходияи Урупост.
Ин истротежй рузи 21 жуан (июн)-и 2007 тасвиб шуд.
Рейчел Денбер мегуяд, бо ин ки истротежии чадид бехтар аз истротежии каблист, он хамчунон аз махаку меъёреро барои кишвархои минтака таъйин намекунад. Ба гуфтаи у, гуфтугу, омузиш ва парвариш ба худии худ басанда нест. Он чи мухим аст, таъаххуди сиёсй ба риъояти хукуки башар аст.
Луиз Арбор, кумисери хукуки башари Созмони Милали Муттахид низ дар паи дидораш аз Осиёи Миёна дар мавриди вазъияти хукуки башар дар минтака изхори нигаронй кард. Вай гуфт, харчанд дар ин замина пешрафтхое хосил шуда, аммо хамчунон ихтиёроти беш аз хадди давлатхо ва нотавонии кувваи додрасй мояи нигаронист.
Рейчел Денбер мегуяд, ки бо вучуди тафовутхо, вазъияти хукуки башар дар Осиёи Миёна дар кул бисёр бад аст. Ба гуфтаи вай, мавозин ва таъаххудоти байнулмилалй дар Осиёи Миёна муроъот намешавад ва омезае аз саркубу бенавоиву фасод нигаронихои амниятии билкувва ичод мекунад.
Аммо Пйер Моррел мегуяд, бо ин ки Иттиходияи Урупо барои хукуки башар авлавият коил аст, инро хам медонад, ки бехбуди он мудовимату пуштикор мехохад. У дар бораи Узбакистон гуфт, ки Иттиходияи Урупо руи «ин мавзуъи хассос» бо чиддият кор мекунад ва тайи шаш мох бо макомоти узбак гуфтугухои мухимме доштааст. Дар холе ки ба назари Рейчел Денбер, гуфтугу бо макомоти узбак натича надоштааст ва ин маврид зарурати таъйини меъёру усулро таъкид мекунад. Вай афзуд, Иттиходияи Урупо дар киболи Узбакистон ба хадди кофй сахтгир набудааст ва ин Узбакистон аз ин холат натичагирии галате доштааст.
Дар вокеъ, тахримхои Иттиходияи Урупо алайхи Узбакистон мохи маи 2007 андаке сабуктар шуд ва дастури манъи судури раводид барои чахор макоми узбак лагв шуд. Узбакистон ба навбаи худ ду зиндонии сиёсиро ба таври озмоишй озод кард ва бо баргузории гуфтугухо дар бораи хукуки башар мувофикат кард. Аммо Тошканд хамчунон мухолифи баргузории тахкики мустакил дар заминаи куштори Андичон дар соли 2005 аст. Нирухои узбак дар мохи маи соли 2005 садхо муътаризи голибан номусаллахро ба гулула бастанд.
Макомоти узбак дар паи он садхо танро равонаи зиндон карданд ва онхоро ба эътирофи доштани пайванд бо исломихои тундрав водоштанд, то бад
-
ин гуна саркубашон тавчех шавад. Рейчел Денбер муътакид аст, ки Иттиходияи Урупо бояд алайхи давлати Узбакистон хатти машйи мухками муносиберо баргузинад.
Мавориди чиддии накзи хукуки башар тавассути хокимони Осиёи Миёна бо умедвории Иттиходияи Урупо ба имзои карордодхои мухим дар заминаи энержй мусодиф шудааст. Се кишвар аз панч кишвари Осиёи Миёна
–
Казокистон, Узбакистон ва Туркманистон – дорои захоири азими нафту гоз хастанд. Ду кишвари дигари минтака (Точикистон ва Киргизистон) аз захоири гании об бархурдоранд. Казокистон чахорумин тавлидкунандаи бузурги урониюм дар чахон аст. Чи гоз ва чи об, ки аз лихози зистмухитй камосебтаранд, манобеъи энержй барои оянда ба шумор меоянд. Афзун бар ин хар ду хам аз дороихои истротежик махсуб мешаванд ва Русия аз тарики ширкатхои Газпром ва РАО ЕЭС дар хар ду замина ба шиддат сармоягузорй кардааст. Русия хамчунин Туркманистон ва Казокистонро, ки тавлидкунандагони аслии энержй дар Осиёи Миёна хастанд, ташвик кард, то барои интиколи нафту гози Осиёи Миёна ба Русия бо он як карордоди сетарафа имзо кунанд.
Окои Моррел таъйид мекунад, ки ракобат шадид аст ва Иттиходияи Урупо дунболи гузинахои тоза мегардад Аммо, ба гуфтаи вай,
хатти машйи Иттиходияи Урупо дар заминаи энержй чанбаи зиддирусй надорад. Истротежии чадиди Иттиходияи Урупо аз бахбарбардорй аз захоири тозаи нафту гоз ва об химоят мекунад ва ба пешбурди тархи эхдоси долони интиколи энержии Дарёи Хазар
-
Дарёи Сиёх-Иттиходияи Урупо мусоъидат мекунад.
Ин истротежй чалби сармояи бештар дар заминаи энержиро пешбинй мекунад.
Бенита Ферреро-Валднер – кумисери равобити хоричии Иттиходияи Урупо «энержй ва тичорат»-ро далоили вачхаи бехтари Осиёи Миёна ва кумаки бештари Иттиходияи Урупо дар соли 2007 тавсиф кард. Иттиходияи Урупо касд дорад бо беш аз ду баробар кардани кумакхояш ба Осиёи Миёна тайи солхои 2007 то 2012 ва бо афзоиши 750 милюн евроии хачми кумакхо ахамияти физояндаи ин минтакаро ба намоиш бигзорад. Кумисиюни Урупо аз дахаи 1990 то кунун барои ислохот дар Осиёи Миёна 1.132 милёрд евро ихтисос додааст.
HUMAN RIGHTS
Youth
Science
Entertainment