web.com

ИКТИСОД

МУРТАБИТ

Fussies Rewarded

The White Horror

Bleak Future...

Константин Паршин ва Комбизи Ормон
Eurasianet
Душанбе ва Ландан

Badakhshan, the Definition of Remote

Tajikistan Appeals for Assistance

Tajikistan Increases Power Import

Tajikistan's Debt Leaps Over Billion

Mounting Debt Geopolitics

Undeclared Curfew

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Education

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

Созмони Милали Муттахид по чилав гузоштааст, то дар начоти Точикистон аз як мусибати ичтимоъии ношй аз замхарири имсол бикушад. Вале хатто агар дархости кумаки изтирории Созмони Милал посухи саховатмандонаи чомеъаи байнулмилалиро дар пай дошта бошад, хануз равшан нест, ки Точикистон кодир хохад буд аз шуюъи беморихо ва гуруснагй чилавгирй кунад ё на.

Рузи 18 феврийе Созмони Милал ба таври ногахонй аз чахониён хост, ки бедиранг ба Точикистон ба маблаги 25.1 милюн дулор кумак кунанд. Дар ин баёния бо лахне талх омадааст: «Дастикам 260 000 тан дар кишвар ба кумаки фаврии гизойи ниёз доранд. Афзун бар ин, гузоришхои давлати Точикистон хокист, ки агар то поёни зимистон анборхои хорбору сухти минтакахои рустойи дубора пур нашавад, мумкин аст худуди ду милюн тан ба кумаки гизойи ниёз пайдо кунанд.» Бад-ин гуна, такрибан як севвуми чамъияти хафтмилюннафараи Точикистон мухточи навъе кумак хастанд.

Тайи рузхои ахир хавои зимистон, ки маъмулан 20 дарача зери сифрро нишон медод, андаке бехтар шудааст. Барои намуна, рузи 17 феврийе дар шахри Душанбе хаво мулоиму офтобй буд. Аммо сарфи назар аз ин ки то поёни зимистон Точикистон чи хавое хохад дошт, зербинои ичтимоъй ва иктисодии кишвар то кунун ба хадди кофй осеб дидааст. Шахри Душанбе ва дигар шахрхои марказй дар тули шабонаруз факат чанд соъати башумор барк доранд ва дастикам то огози бахор танхо аз 40 дарсади зарфияти ниругоххои обй бахраварй мешавад.

Гуломчон Бобозода, вазири тавсеъаи иктисодй ва тичорати Точикистон, дар нишасти хабарии рузи 18 феврийе эътироф кард, ки камбуди музмини барк ба иктисоди кишвар зиёни фарогире мерасонад. У афзуд, ки хануз арзёбии дакики мизони зиёни ношй аз бебаркй зуд аст.

Дар ин миён Матлубхон Давлатов, аз дастёрони аршади раисичумхурй Рахмон, изъон кард, ки давлат нигарони падидории бухрони гизойист. Давлатов гуфт: «Таъсисоти санъатй ва бахши кишоварзй дар шароити бухронй карор доранд.»

Ба бароварди Бонки Миллии Точикистон , шароити чаввй танхо тайи моххои жонвийе ва феврийе ба иктисоди кишвар 250 милюн дулор осеб расондааст. Ин ракам барои кишваре, ки бино ба омори Ожонси Иттилоъоти Марказии Омрико, будчаи солонааш худуди 610 милюн дулор аст, мусибатбор ба шумор меояд. Бонки Миллй афзуд, ки бар асари сармои шадид мазраъахои пунба – аз манобеъи умдаи даромади кишвар низ зиён дидааст. Гузашта аз ин, заминхои кишти дигар ва богхои хусусй хам ба ягмои зимистонй рафтаанд.

Намояндагихои Барномаи Хорбори Чахонй ва Созмони Бехдошти Чахонй эълом кардаанд, ки чорво ва мургхои хонагй хам аз зиёни сармо дар канор намондаанд ва мумкин аст мизони тавлиди шир ва тухмимург 50 дарсад кохиш ёбад. Афзун бар ин, бештари чамъияти кишвар бо мархилаи огозини гуруснагй дасту панча нарм мекунанд ва беш аз хар мавкеъи дигар барои хариди хурок хазина мекунанд, дар холе ки камтар аз гузашта гизо мехуранд ва бисёре дар тули шабонаруз танхо як ваъда гизо доранд.

Шитоби таваррум хамчунон нигаронкунанда аст. Барои намуна, кимати гандум тайи соли 2007 ба микдори 70 дарсад боло рафт. Осеби ворида ба зерсохти кишоварзии кишвар метавонад ба афзоиши якбораи мизони таваррум дар бахор ва тобистони имсол бианчомад.

Коршиносон хамчунин нигаронанд, ки бо огози об шудани барфи фаровони зимистони имсол шояд сомона (систем)-хои обу фозилоб, ки бидуни он хам молиёти музоъафе меситонанд, аз кор биуфтад. Майкл Чонз, хамохангсози барномахои Созмони Милал барои Точикистон рузи 18 феврийе дар Душанбе аз эхтимоли бурузи «фачоеъ дар оянда», ба вижа густариши домана (хасба) ва дигар беморихои вогирдори оббурд хушдор дод.

Чонз гуфт, 64 дарсади чамъияти Точикистон бо камтар аз ду дулор дар руз гузарон мекунанд, дар холе ки 41 дарсади чамъият ба оби поки ошомиданй дастрасии муназзам надоранд.

Созмонхои давлатии мухталифи Омрико ваъдаи ироаи кумак ба микдори 2.5 милюн дулорро кардаанд, ки як дахуми кулли маблаги дархостист. Ожонси кумакхои хоричии Омрико ( USAID) касд дорад ба Точикистон маводди сухтй, бухорй, либос, лавозими рузгор ва хадамоти бехдоштй ироа кунад, ки 830 хазор дулор хазина хохад дошт. Вазорати хоричаи Омрико низ тархи ироаи кумаки гизойи ба маблаги 1.6 милюн дулорро тартиб додааст.

Пушиши бухрони энержй тавассути расонахои тахти кунтрули давлат орому бесарусадо будааст ва аз сиёсатхои расмй интикоди андаке сурат гирифтааст. Аммо мардум дар хиёбонхои шахри Душанбе хашмгинанд.

Як вакили мудофеъ, ки номашро нагуфт, чунин гилоя кард: «Дар чомеъаи мо мавозин (стандардхо)-и дугона вучуд дорад. Дар Душанбе чандин тархи сохтмонсозй чараён дорад ва хутелхои панчситора месозанд... Ва мошинхои шику хонахои бошукух ба чашм мехурад. Хама медонанд, ки ин чизхо моли кист. Ин «арбоби зиндагй» иктисодро тахти кунтрул гирифтаанд , вале фарёди мардум ба гушашон намерасад.»

Ин вакил афзуд: «Дар бахор мо бо хатари дигаре рубару мешавем – оби гилолуди шир (кран)-хо. Ва боз хам касе дархости кумаки байнулмилалй мекунад . Ин холат хамеша такрор мешавад.»

Ёддошти сардабир:
Константин Паршин як рузноманигори мустакил дар Душанбе аст. Комбизи Ормон тахаллуси як рузноманигори точик аст.

English