web.com

ФАРХАНГ

Тандиси Исмоъили Сомонй дар Душанбе. Баргирифта аз Andesha

Мансй Мехротра

Давлатхои Точикистон ва Эрон дар талоше дигар барои растохези фарханги порсии Сомонй тасмим гирифтаанд муштаракан 1150-солагии зоиши Абуъабдуллохи Рудакиро дар соли 2008 чашн бигиранд. Зодгохи Рудакй имруза дар Точикистон вокеъ аст ва уро ба унвони поягузори адабиёти порсй (точикй) мешиносанд. У аз нахустин суханпардозони порсии навин буд, ки чакомахояшро ба хатти порсии арабй менавишт. Ононе , ки муътакиданд, Рудакй пайрави шохаи исмоъилиии ислом буда, гуфтаи Маъруфи Балхй, як шоъири давраи Сомониёнро гувох меоранд, бад-ин шарх: «Шунидаам, ки Одам-уш-шуъаро Рудакй гуфтааст: «Ба хич каси дигар эъломи вафодорй накунед ва Фотимиён (нахустин дудмони шохони исмоъилй)-ро начот дихед.»

Точикистон ва Эрон касд доранд барои тачлил аз 1150-умин солрузи таваллуди Рудакй як ришта барномахои густарда, аз чумла семинорхову чашнворахои адабй баргузор кунанд. Бино ба карордоде, ки миёни Созмони мероси фархангй, чахонгардй ва саноеъи дастии Эрон ва Фархангистони улуми Точикистон имзо шуд, ин барномахо дар чандин кишвари Эрон ва дар шахри Душанбеи Точикистон анчом хохад гирифт. Бунёди омузишй, илмй ва фархангии Созмони Милал (ЮНЕСКО) низ касд дорад дар чорчуби чандин тарх бо химояти Афгонистон, Эрон, Точикистон ва Казокистон ёди Рудакиро гиромй бидорад.

Дар Точикистони пасошуравй силсилаи шохони Сомонй бунёдгузори хуввияти миллии навини точикй ба шумор меоянд. Дар давраи шохигарии Сомониён буд, ки вожаи «точик» барои нахустин бор вориди навиштахову сурудахои порсй шуд. («Точик» аз вожаи «тозик / г»-и порсии миёна (пахлавй) бармеояд, ки баъдан маънии эронй, гайритуркро гирифт). Сомониён дар ростои эхёи фархангу забони порсй, ки бо истилои араб осеби шадид дида буд, кушиданд. Бояд гуфт, ки тагйироту тахаввулоти он давра шомили хамаи арсахои зиндагй мешуд: фархангй, забонй, ичтимоъй, хунарй, иктисодй, сиёсй ва илмй.

Ричорд Фрой, эроншиноси омрикойи, мегуяд, ки фароянди растохез (эхё)-и фархангй нахуст дар Осиёи Миёна огоз гирифт, на дар Эрони кунунй. Далели умдаи он хам тафовути миёни гуруххои ичтимоъии ин ду бахш аз сарзаминхои эронии исломй буд. Чомеъаи бозаргонии Осиёи Миёна барои рушди тасовигаройи (баробаричуйи)-и исломй мусоъидтар буд, то чомеъаи Эрон, ки тахти султаи силсила-маротиби кудрат буд. Аз ин ру, Сомониён, ки хокимони ростини Вароруду Хуросон буданд ва Бухоро, Самарканд ва Хиротро ба марказхои омузишу густариши фарханги порсй дар саросари машрики чахони порсигу табдил карданд, акнун пешоханги растохези фархангии эронй махсуб мешаванд.

Дар холи хозир точикхо барои бозсозии хуввияти порсии вайроншудаашон аз Эрон рохнамуд мехоханд, чун ин хуввият миёни хар се кишвари Точикистон, Эрон ва Афгонистон муштарак аст. Эрон тавонистааст, хуввияти порсиро хифз кунад, дар холе ки дар давраи шуравй точикхо на танхо пойтахтхои фархангии худро ба Узбакистон бохтанд, балки хуввияти мутафовиту мумтози онхо тахти нуфузи хуввияти кавмй ва миллии русй ва хуввияти маснуъии шуравй махдуш шуд. Дар айни хол, сиёсати бехудоии шуравй точикхоро гайримазхабй ва аз лихози динй бесавод кард. Аммо хуввияти фархангй тафовути мазхабии миёни Точикистон ва Эронро хунсо мекунад. Бештари точикон суннй хастанд, дар холе ки бештари мардуми Эрони имрузй пайрави ташайюъанд.

Дар авохири дахаи 1980 сиёсати гласност (ошкоргуйи)-и Горбачев дар бархе аз кишвархои Иттиходи Шуравй чунбишхои растохези фархангиро тахрик кард. Чумхурии Шуравии Сусиёлистии Точикистон танхо кишвари Осиёи Миёнаи Шуравй буд, ки чунбиши фархангии он ба тасвиби конуни забон дар соли 1989 даст ёфт. Конуни забон номи забони миллиро расман ба «точикй (форсй)» тагйир дод, онро дар макоми расмй карор дод ва бозгашт ба дабира (хатт)-и порсии арабиро пешбинй кард. Вожаи « форсй» пас аз омадани Эмомалии Рахмон ба кудрат аз матни конун нопадид шуд.

Дар холи хозир «растохези фархангй» чунбишест, ки тавассути давлат эъмол мешавад, дар холе ки мардум ба ин талошхо таваччухи хоссе надоранд. Давлат бо истифода аз мадраса (мактаб)-хо, расонахо ва чашнворахои фархангй мехохад хуввияти миллии точикиро шакл дихад.

Давлати Точикистон дар соли 1991 1100-умин солгарди таъсиси ампротурии Сомониёнро тачлил кард. «Растохези фархангй»-и давлатй дар вокеъ ба хотири миллатсозй, хифзи чехраи мунхасир ба фарди фархангй дар баробари хамсоягони турктабор ва пойдории бовархои гайримазхабй дар кишвар анчом мегирад. Дар талоше барои ичоди вазнаи таъодул дар баробари ислом давлати Точикистон дар соли 2001 2700-мин солгарди Авесторо гиромй дошт.

Рахбарии Точикистон нишонахои дигареро хам аз адами тамоюлаш ба хуввияти кавмй-мазхабй буруз дода ва кушидааст, ки аз реша гирифтани ислом дар бофти ичтимоъй ва сиёсии Точикистон чилавгирй кунад. Дар ин росто давлат бо ниходхои мазхабй бархурди шадидеро пеша кардааст. Дар натича дари масчидхои «гайримучоз» тахта шуд ё хатто сохтмонхои онхо ба куллй барканда шуд, занону духтарони мухаччаба ичозаи вуруд ба мадрасахову донишгоххоро надоранд (албатта, вуруди духтарон бо доманхои кутох низ мамнуъ аст), донишчуёни мард дар Донишгохи Исломии Точикистон дастур гирифтанд, ки бо куту шалвор (костюм ва брюк) ва кровот (галстук) бо сурати пок тарошида дар дарсхо хозир шаванд, омузгорон хам бояд либоси яксон ба тан дошта бошанд ва шеваи номгузории навзодон точикй (порсй) аст.

Талошхо барои чилавгирй аз густариши ислом дар Точикистон чандин хадаф доранд. Нахуст ин ки ин кушишхо ба тазъифи мавозеъи ичтимоъй ва сиёсии исломихо хохад анчомид, ки танхо нируи мухолифи кобили таваччух дар Точикистонанд. Дуввум ин ки инкилоби исломй дар Точикистон мухолифи хуввияти мазхабии эронй хохад буд ва мумкин аст ба равобити чандчанбаи Точикистону Эрон латма бизанад ва ба эхтимоли зиёд вокуниши кавии хамсоягони ин кишвар дар Осиёи Миёна ва кишвархои гарбиро бар хохад ангехт. Ва нихоятан, бо таваччух ба набуди як идеулужии кавии сиёсй ва дасткутохии иктисодии Точикистон ташвики ташаккули хуввияти мазхабй метавонад кишварро ба партгохи торики садахои миёна (куруни вусто) биафканад.

Ёддошти tajikistanweb.com: Манси Мехротра чуёи мартабаи фавки лисонс дар Донишгохи Чавохирлаъл Нехруи шахри Дехлии Нави Хиндустон аст. Дар тахияи ин матлаб Дориюши Рачабиён сахм доштааст.

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Education

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

English

МУРТАБИТ

Iran, Tajikistan Team Up to Honour Rudaki