Дастхо боло! Чаро мо зуд таслим мешавем?

web.com

СИЁСАТ

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Education

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

Фахриддини Холбек ( Asia-Plus, Душанбе)
Баргардон аз русй:
tajikistanweb.com

«
Истиклол ба даст омаду хама чиз аз даст рафт». «Истиклол, яъне ин ки хич чиз ба мо вабаста нест». «Илйич рафту чарогаш хам хомуш шуд». «Худоё, Шуравиро барои мо боз фирист!». «Ин рох, ки меравем, ба Афгонистон аст, на Урупо»...

Ва гайра ва хоказо. Ин оху нолахо дар чомеъаи мо хар чи баландтару баландтар ба гуш мерасад. Онхое хам ки нола мекунанд, ба хадди кофй далел доранд. Метавон онхоро дарк кард, чун ба навмедй расидаанд.

Чомеъа барои ранчидан аз мукаддастарини арзишхо, аз истиклол далел дорад. Вале чаро чомеъа мункири зарурати истиклол аст?

Аз бахти бад, ин холат натичаи душворихои чорй нест. Ин холат 17 сол ба дарозо кашидааст. Танхо мардуми одй нестанд, ки ба ин пиндоранд, балки донишварону рузноманигорон, бо як калом, «фарзонагони миллат» хам аз ин сухбатхо мекунанд. Харчанд на хамаашон, албатта, аммо сухбат мекунанд. Ба таъбире хушбаёнтар, бисёре аз мардуми мо шефтаи истиклол нестанд.

Албатта, метавонанд бигуянд ва бигзор бигуянд. Аммо пурсише ба миён меояд: оё бо гузашти 17 сол чомеъаи мо мафхуми истиклолро хич дарнаёфт? Хамон истиклоле, ки барои намуна, Хиндустон барои дастёбй ба он 200 сол набард кард ва Офрико бештар аз он.

Дар садахои гузашта мустаъмарадорон
( мустамликадорон) душмани истиклол ба шумор меомаданд. Барои Хинд ин душман Инглистон буд, барои Алчазоир – Фаронса, барои Урупо – Олмони фошистй ва Иттиходи Шуравй. Мо чузъе аз ампротурии пахновари Иттиходи Шуравй будем. Ва агар он фуру намепошид, мо харгиз ба истиклол намерасидем. Холо равшан шуд, ки чаро истиклол барои мо писандида нест: мо харгиз барои он мубориза накардаем. Оре, тайи ин муддат мо фурсат ёфтем хун хам бирезем, аммо он чанги нангини дохилй буд. Чанг алайхи хамдигар, чанги алайхи миллати худ.

Хануз хам намедонем, ки мукассир (гунахкор)-и он чанг кй буд. Вале акнун чи касе душмани истиклоли мост? Кй мехохад, ки Точикистон истиклолашро бибозад ва дубора навкари кадом кудрати бузурге шавад? Бо таваччух ба ранчхову мушкилоти кунунии мо ин пурсишхо бачо ба назар мерасад.

Иштибоххои бисёре сурат мегирад ва бисёре иштибох мекунанд. Аммо танхо Шарифхон Самиев ба ниёбат аз хамаи мо пузиш хост.

Омилхои хоричй? Кй мегуяд, ки онхо нестанд? Онхо хамеша буданд, хастанд ва хамвора хоханд буд. Омилхои дохилй хам вучуд доранд ва хама дар бораашон огоханд. Аммо дар шароити феълй танхо як навъ натичагирй метавон кард: душмани умдаи истиклоли мо худи мо хастем. Мо бар ин гумонем, ки агар ба харфи пурзуртархо гуш дихему фармонбардорашон бошем, хамаи мушкилот пар-пар хохад шуду олам гулистон. Ва он пурзуртархо хам бар ин пиндоранд, ки агар мо аз хатти кашидаи онхо фаротар по нагузорем, хамеша серу пур хохем буд.

Андешаи истиклол дар зехнхои мо шикаст хурдааст! Мо таслими мушкилоти пешомада шудаем ва дар баробари душманони дохилй ва хоричй дастхоямонро боло бурдаем!

... Субхи имруз як хамсоя ба хонаам омаду шикоят кард, ки боми сохтмони чахортабакаамон чикка мекунад. Девори ду табакаи боло хис (тар) шудааст ва об тадричан ба ду табакаи поин русух мекунад. Яке пешгуйи мекард , ки мумкин аст ба зудй сохтмон ба куллй вайрон шавад.

Боз хам истиклол гунахкор аст? На. Худи мо гунахкорем. Агар нигохи фарохтаре биандозед, мебинед, ки такрибан саросари кишвар холати сохтмони моро дорад. Кй мукассир аст? Муддатхост, ки аз таъмиргарони шахрдорй буи умеде нест
. Худи мо ба чи коре кодир хастем?

Сипос Худойро, ки Точикистон хануз Афгонистон нашудааст. Худо накунад, ки рузе ба он кишвари, ба маънии дакики вожа, вайроншуда монанд шавем. Мо хануз сомона (систем) дорем, ки ба бехбуд ниёз дорад. Холо ки хич кас намехохад ин корро барои мо анчом дихад, пас худи мо бояд дастбакор шавем ва онро такмил кунем. Хамаи мардум бо хам. Агар кулли мардум ба шиддат хостори анчоми коре шаванд, магар касе чуръат мекунад дар баробарашон карор бигирад?

Аммо шурбахтона, бар хилофи Афгонистон мо дучори вайронии зехнй хам шудаем. Дар он чо касе такаддус (мукаддас будан)-и мафхуми истиклолро ба чолиш намекашад. Вале мо? Мо танхо чашмбарохи бегонае хастем, ки аз рох бирасаду бароямон коре бикунад. Ба чои мо коре бикунад! Мо, сохибони рудхои фарох, куххои баланд, зеботарин табиъат ва дороихои газоф, оё хозирем, ки ин хамаро ба дигарон бидихем?

Дастхо боло?


 

English