ХУКУКИ БАШАР
МУРТАБИТ
tajikistanweb.com
tajikistanweb.com
Муътаризон дар хавои сард рубаруи сохтмони сафорат карор гирифтанд ва шиъорхои «Марг бар Хуррам!», «Вазири фарханги зиддифарханг, истеъфо!», «Форсй забони фаромиллист», «Аз забони Мавлавй бо хуни худ дифоъ мекунем!», «Порсихаросй бас аст!» ва «Марг бар фошизм!»-ро сар доданд.
Нурулхакки Насимй, раиси Созмони ичтимоъии Афгонистон ва Осиё дар Ландан баёнияи тазохуротро кироат кард ва дар он хостори барканории бедиранги Хуррам аз макоми вазорати фарханги Афгонистон ва тазмини баробарии хамаи забонхои роич дар он кишвар шуд.
tajikistanweb.com
Вай давлати Карзайро ба порсиситезй ва поксозии кавмй дар суфуфи хукумат бо хадафи эъмоли султаи як кавм бар хамаи кавмхои кишвар муттахам кард. У гуфт, ки давлати Афгонистон бо гумоштани афроди гайрихирфайи дар макомхои баландпоя бар безории мардум аз давлат меафзояд. Дар ташрехи ин иттихоми худ Насимй ба интисобхои тоза дар макомхои додситонии кул, вазорати фаханг, вазорати доройи ва устондорихо ( волиёни вилоятхо) ишора кард. Насимй хушдор дод, ки давлат ба самти чомеъае харакат мекунад, ки дар он танхо як кабила хокими мутлак аст.
Макомоти сафорат аз пушти пардахо сар мекашиданду тазохуротро тамошо мекарданд, то ин ки ду тан аз муътаризон дари сафоратро кубиданд, то катъномаи тазохуротро тахвил диханд. Як макоми сафорат, ки дарро боз кард, катъномаро напазируфт ва ба чои он аз муътаризон хост, ки бо сафорат карор бигзоранд ва баъдан бо хам ба баррасии ин мавзуъхо бипардозанд.
Намоиши эътирозй сулхомез буд ва дуву ним соъат идома дошт.
tajikistanweb.com
Бехзоди Ориё, ширкаткунанда
Навори видеуии тазохурот
Youth
Entertainment
Рузи
одина (15 феврийе ) беш аз сад тан аз порсигуёни мукими Ландан дар баробари сохтмони Сафорати Афгонистон дар Бритониё гирди хам омаданд , то алайхи танбехи як рузноманигори балхй ба далели корбурди вожахои порсй эътироз кунанд . Ин тазохуротро Созмони ичтимоъии Афгонистон ва Осиё дар Ландан доир кард.Дар авоили хафтаи равон Абдулкарими Хуррам, вазири иттилоъот ва фарханги Афгонистон таъйид кард, ки ба хотири корбурд аз вожахои порсии «донишгох», «донишкада» ва « донишчуён» чанд руз аз дастмузди мохонаи хабарнигори телевизюни Балх Басири Бобай каср шудааст. Хабарнигори тавбихшуда бар ин бовар аст, ки у хак дорад дар гузоришхояш аз забони модариаш кор бигирад.
Дар холе ки вазири фарханг танхо муъодили паштуи ин вожахоро кобили кабул медонад.