HUMAN RIGHTS
Youth
Science
Entertainment
МУРТАБИТ
tajikistanweb.com
140208 –
Порсигуёни
Бритониё
тасмим
гирифтаанд
дар
эътироз
ба
тасмими
Вазорати
фарханги
Афгонистон
ба
мучозоти
як
рузноманигор
ба
хотири
корбурди
вожахои
порсй
дар
баробари
сохтмони
сафорати
Афгонистон
дар
Ландан
рохпаймойи
кунанд
.
Ин намоиши эътирозиро порсигуёни афгонистонии мукими Ландан созмон медиханд.
Рузи якшанбеи гузашта (10 феврийе) Басири Бобай, хабарнигори махаллии шуъбаи махаллии телевизюни миллии Афгонистон дар шахри Мазори Шариф дар шимоли кишвар ба хотири корбурди вожахои «донишгох», «донишкада» ва «донишчуён» ба чои муъодилхои паштуи онхо мучозот шуд. Ба гуфтаи Абдулкарими Хуррам, вазири фарханги Афгонистон, Бобай «аз ду то се рузи дастмузди мохонаи худ махрум шудааст.» Аммо бино ба гузоришхои каблй, Басири Бобай дар огоз аз шугли худ махрум шуда буд.
Кумисиюни порлумонии Афгонистон дар умури фархангй ва мазхабу аз Хуррам хостааст, ки «икдомоташ алайхи забони форсй»-ро дар баробари намояндагони мачлис тавзех дихад. Хуррам рузи сешанбе, 19 феврийе дар кумисиюн хузур хохад ёфт.
Мухаммади Мухаккик, раиси кумисиюни порлумони Афгонистон дар умури фархангй ва мазхабй Абдулкарими Хуррамро ба икдом алайхи забони порсй муттахам кард ва афзуд, ки то кунун шаш маврид икдоми у алайхи забони порсии дарй дар Афгонистон ба сабти кумисиюн расидааст. Гузориш шудааст, ки Хуррам навиштаи порсии унвони вазоратхонаашро аз сардари он сутурдааст ва Нигористони Кобулро «Голерии Кобул» унвон кардааст.
Абдулкарими Хуррам пофишорй мекунад, ки икдомоти у бар мабнои асли шонздахуми Конуни Асосии Афгонистон сурат гирифтааст, ки хифзи «истилохоти миллии мавчуд» дар кишварро тазмин мекунад. Аммо Мухаммади Мухаккик бо истинод ба хамон Конуни Асосй мегуяд: «Нашри матбуъот ва расонахои гурухй ба тамоми забонхои роич дар кишвар озод аст.»