Хинд ва Айнй: ормон ва вокеъият
Youth
Science
Entertainment
POLITICS
МУРТАБИТ
Манси
МехротраАхиран расонахои Хиндустон ахамияти рохбурдй (истротежик)-и пойгохи хавоии Айнй дар Точикистонро барчаста кардаанд. Ин пойгохи хавойи бо кумаки Хинд бозсозй шудааст.
Дар огоз давлати Хинд бо Точикистон ва Русия як карордоди сетарафа имзо кард, то заминаи хукукии навсозии пойгох фарохам шавад. Дар ин росто давлати Хинд бо ироаи кумаки фаннй як бонди парвоз, чанд ошёнаи хавопаймо ва як бурчи кунтрули тараддуди хавойи сохт. Нируи низомии Хинд дар пойгохи Айнй аз соли 2003 то кунун хузур дошта ва 1.7 милюн дулор хазина кардааст.
Хинд барои нахустин бор дар хорич аз кишвар бо Точикистон размоиши муштарак анчом дод. Дар ин тамриноти низомй ду парванд хавопаймои Антонов-32-и нируи хавоии Хинд тавони хамлу суъуди худро намоиш доданд ва Нирухои Вижа аз чангандахо бо чарххои начот берун париданд. Дар холи хозир беш аз 150 хадамаи низомии Хинд дар пойгохи Айнй мустакар хастанд, ки шомили халабонхои нируи хавойи ва персунели пуштибонии хавойи барои чархболхои Ми-17 мешаванд.
Аммо хакки таъмиру бозсозии як пайгохи хавойи аз хакки бахрабардории низомй ё гайринизомй аз он пойгох мутафовит аст. Дар мохи септомбри 2007, замоне ки мавзуъи пойгохи хавойии Айнй дар расонахо матрах шуд, вазорати дифоъи Точикистон чунин тасрех кард: «Перомуни пойгохи хавоии Айнй шоеъоти зиёде печидааст. Дар огоз гуфта мешуд, ки нирухои хиндй дар он мустакар хоханд шуд, холо мегуянд, ки фаронсавихо ба он чо мунтакил мешаванд. Ин пойгох моликияти Точикистон аст ва давлати Точикистон ва вазорати дифоъи ин кишвар тасмим хоханд гирифт, ки пас аз поёни амалиёти бозсозй чи касе дар он чо мустакар шавад.»
Пойгохи хавоии Айнй мутмаиннан ба Хиндустон ичоза хохад дод , ки бар ракибони суннатиаш Чин ва Покистон бартарии рохбурдй (истротежик) дошта бошад. Аммо барои Точикистон мувофикат бо истикрори пойгохи низомии Хинд дар хоки ин кишвар ба маънии сардии равобит бо Чин ва Покистон хохад буд.
Точикистон
ва
Чин
Равобити
Точикистону
Чин
бо
пархошхои
лафзии
марзй
огоз
шуд
,
ки
саранчом
дар
чорчуби
панчгонаи
Шонгхой
(
феълан
Созмони
Хамкорихои
Шонгхой
)
халлу
фасл
шуд
.
Мушкилтарин
бахши
марзбандй
дар
минтакаи
Помир
ба
далели
иддаъои
арзии
Чин
бар
кисмати
кобили
мулохизае
аз
устони
Бадахшон
бефайсала
бокй
монд
.
Ахиран Чин муваффак шудааст бо Точикистон равобити пурмухтавоеро баркарор кунад. Феълан Чин аз бузургтарин сармоягузорон дар Точикистон аст. Алокаи Чин ба Точикистон ба далели тамоюли он ба эхёи Рохи Абрешим буруз кардааст ва давлатхои хар ду кишвар бо исломи
сиёсй бархурди хамсоне доранд. Рахбарии Точикистон борхо Чинро ба унвони «бародар ва хамсояи бузург» шинохтааст (аммо ин бад-он маъно нест, ки Чин метавонад барои Точикистон таъйини таклиф кунад).
Чин алокаманд аст, ки бо эхёи Рохи Абрешим ва пайвастани Точикистон бо чоддаи Карокурум ба бозорхои Осиёи Миёна дастрасии осонтаре дошта бошад. Тайи сафари нахуствазири Чин ба Душанбе дар мохи жуан (июн)-и соли 2006 миёни ду кишвар чандин карордоди дутарафа имзо шуд. Мухимтарини онхо карордоди эхдоси бузургрохи Душанбе-Чанак буд. Бо эхдоси як чоддаи тулонй аз Кулма (чануби шарки Точикистон то марз бо Чин) то Хоругу Дарвозу Кулобу Душанбе ва аз он чо то Хучанду Бустону Чанак, як бахши чоддаи кадимии абрешим сохта хохад шуд. Ин чодда ба Узбакистон муттасил мешавад. Чин хамчунин мувофикат кард, ки таъмини молии кашидани хатти интиколи барки дорои фишори баланди LEP-500 аз шимол ба чанубро ба душ бигирад. Заминаи ичрои ин тарх дар давраи шуравй санчида шуда буд. Бино ба ин тарх карор аст барки Узбакистон ба Точикистон ва аз он чо руи кобли 220 килувотй ба Файзободи Афгонистон мунтакил шавад. Хамчунин ба назар мерасад, ки Чин мехохад бо тавсеъаи иёлати гарбии Синчиён шуришихои уйгурро ба хошия биронад. Ин иёлат бо устони Бадахшони Точикистон хаммарз аст.
Чин дар заминахои мухталиф, аъам аз сохтмонсозй ва воридоту содирот, бо Точикистон хамкорй мекунад. Сандуки Байнулмилалии Пул дар гузориши мохи морси 2007-и худ навишт, ки харчанд вомхои давлати Чин ба Точикистон боимтиёз аст ( ва 40 дарсади он кумаки билоъиваз аст), харчи ин карзхо ба афзоиши сареъи бидихихои Точикистон хохад анчомид.» Макомоти точик ахиран эълом карданд, ки Чин ба унвони бузургтарин бистонкори Точикистон 217 милюн дулор талабкор аст.
Тозагихо дар Точикистон дафтархои шумори зиёде аз ширкатхои чинй гушоиш ёфтаанд. Дар натича, точикхо низ бо алокаи бештар фарзандонашонро ба Чин мефиристанд то забони чиниро фаро бигиранд. Бо дониши забони чинй метавон шуглхои бехтаре пайдо кард.
Точикистон ва Покистон
Покистон шадидан даргири чанги дохилии Точикистон дар дахаи 1990 буд. Покистон ба мухолифони исломй сарпанох дод ва ба онхо кумак кард, то оташи чанг шуълавар бимонад. Дар мохи феврийеи 1993 Эмомалй Рахмонов, раисичумхурии Точикистон дар гуфтугу бо хабаргузории Интерфакс дар Маскав гуфт, ки «хавопаймохои покистонй хамаруза ба шимоли Афгонистон парвоз мекунанд ва ба урдугоххои панохандагон хуроку аслиха мерасонанд. Гуфта мешавад, ки дар ин урдугоххо пайкорчуёни точик тавассути мучохидини афгон омузиш мебинанд.»
Пеш аз он , дар Фишурдаи Ахбори Чахон дар мохи ут (август)-и 1991 аз кавли Анатолий Белоусов, муъовини вазири амнияти милии Точикистон омада буд: «Мухолифони мусаллахи афгон тахти кунтрул буданд ва дар шахракхои Афгонистон дар канори марз мадрасахое сохта буданд, ки ба чавонони точик, узбак ва туркман омузиш медоданд, то дар оянда онхоро алайхи Иттиходи Шуравй ба кор гиранд.» Мудохилаи Покистон дар чанги Точикистон дар пайравй аз хатти машйи Зиёулхак (нахуствазири пешин) сурат гирифта буд, ки хостори ичоди «минтакаи умки истротежик» дар Осиёи Миёна, Афгонистон ва Кашмир буд. Карор буд бо такя бар ин хатти машй кулли минтака тахти кунтрули Исломобод биравад ва барои хадафхои иктисодй, рохбурдй ва мазхабии Покистон дарвозаи Осиёи Миёна ба руи Исломобод боз шавад.
Пас аз поёни чанги дохилй Точикистон ва Покистон ба пешбурди равобиташон пардохтанд. Саидбек Саидов, нахустин сафири Точикистон дар Исломобод се мох пеш аз сафари Эмомалии Рахмон ба Хиндустон дар мохи ут (август)-и 2006 ба ин маком мансуб шуда буд. Покистону Точикистон барои тавсеъаи хамкорихо дар хамаи заминахо ва барои афзоиши мизони доду ситад бар мабнои асли баробарй худуди 20 тавофукнома, прутукул ва ёддошти тафохум имзо кардаанд.
Хар ду кишвар машгули тархи интиколи барк аз Точикистон ба Покистон аз тарики Пули Хумрй ва Кобули Афгонистон хастанд. Онхо хамчунин дар мавриди хамкорй дар заминаи кашфу истихроч ва фароварй (коркард)-и гозу нафт тавофук кардаанд. Покистон як масири заминй аз Тутхом ба Чалолободи Афгонистон то Точикистонро сохтааст. Точикистон ба унвони як кишвари мунхасир ба хушкй барои воридоту содирот маъмулан ба Узбакистон вобаста будааст ва акнун ки равобити Душанбеву Тошканд чандон дустона нест, Точикистон дар мазикаи иктисодй карор дорад. Чоддаи Карокурум, ки Чинро ба Покистон ва бандари Гводори он кишвар мепайвандад, метавонад гузинаи дигаре барои Точикистони мунхасир ба хушкй бошад.
Точикистон ва Хинд
Дар
бораи
равобити
Точикистону
Хинд
бояд
пеш
аз
хама
гуфт
,
ки
ин
ду
кишвар
дорои
пайвандхои
торихй
хастанд
.
Барои як точики маъмулй номи Хинд хамчунон мисли гузашта «Хиндустон» аст. Хар як фарди точик орзуи дидани Хиндустон ва Точмахалро дорад. Точикон Точмахалро ёдгоре аз гузаштагони худ медонанд ва то кунун Точмахал дар садри фехрести амокини туристй карор дорад. Синемои хиндй бисёр махбуб аст ва бештари мардони чавони точик бо шунидани хабари издивочи Айшварйа Рай норохат шуданд. Сарфи назар аз алокаи вофир ба Хиндустон, точикхо аз тавсеъаи хамкории хастаии Хинду Омрико ба кимати дустии Эрону Русия нигарон хастанд.
Талошхои Хинд барои тавсеъаи равобити дутарафа бо Точикистон тахти фишори фосилаи равоншинохтии ин ду кишвар аз хам карор дорад.
Бино ба додахои гузориши солонаи
Foreign Aid (
Дихиши Хоричй) дар соли 2005, Хиндустон дар зумраи маъдуди кишвархоест, ки ба Точикистон кумакхои билоъивази фаровон медихад ва колохои мухимми мухталиф содир мекунад (дар айни хол бояд гуфт, ки колохои хиндй дар миёни анбухи колохои чинй дар бозорхои Точикистон такрибан дида намешавад). Афзун бар ин, Хиндустон дар чанд тархи сохтмонсозй, мухандисй ва дорусозй дар Точикистон низ даст дорад ва хамасола донишчуёни точикро ба донишгоххои Хинд мефиристад. Беш аз 200 донишчуи хиндй дар Донишгохи пизишкии Душанбе тахсил мекунанд. Бештари ин тарххо дар сатхи миёндавлатй бокй мондаанд. Созмонхои хусусй дар Точикистон фаъол нестанд ва далели он вучуди мушкилоти адидаи иртиботот, фазои номусоъид барои сармоягузорихо, фасоди молии хамагир ва бозори махдуд арзёбй шудааст.
Харчанд Хиндустон бо кишвархои Осиёи Миёна равобити дустона дорад, точикхо бар ин боваранд, ки мавчудияти пойгохи низомии Хинд дар кишварашон метавонад вазъияти жеустротежик дар минтакаро ба хам бизанад. Доди сухан додану лоф задан аз хузури низомии Хинд дар Точикистон, ки хануз ба вукуъ напайвастааст, метавонад ба манофеъи ояндаи Хиндустон дар минтака латма бизанад . Чун ин сухбатхо метавонад Хиндро ба унвони кишваре муъаррифй кунад, ки дар паи низомй кардани минтака аст.
Дар айни хол, Русия дар тасмимгирихои рохбурдии Точикистон накши мухим дорад. Дар паи фурупошии Иттиходи Шуравй Русия дар чанги дохилии Точикистон, дастёбй ба сулх ва миллатсозй ба бозигари умда табдил шуд. Замоне ки Точикистон гирифтори чанги дарунй ва бухрони мутаъокиби он буд, Русия харгиз ошкоро нишон надод, ки мехохад минтакаро ба мустаъмараи худ табдил кунад. Чун он замон худи Русия низ бо бухрони иктисодй ва амниятии худ дасту панча нарм мекард ва Точикистон ба хотири сарзамини кухистонй ва манобеъи махдудаш хамвора барои Русия як бори гарони изофй махсуб мешуд.
Алорагми сархурдагй (навмедй)-и точикхо аз хатти машйи ру ба узбакистонии Русия ва тарки нисбии Точикистон дар пайи руйдодхои Андичон, точикхо хамчунон Русияро мураббии суннатии худ медонанд.
Бо ин ки Русия хануз хам бузургтарин таъминкунандаи таслихоти Хинд аст, равобити хастаии Хинду Омрико боъиси сардй дар муносиботи Хинду Русия шудааст. Тахаввулоти ахир зохиран руи тамоюли Хиндустон ба доштани нахустин пойгохи дифоъиаш дар хорич таъсири манфй хохад гузошт.
Размоишхои зиддитеруристии ахир дар чорчуби кишвархои мустакилли хамсуд ва Созмони Хамкорихои Шонгхой комгории нисбй буд. Гузашта аз ин, тамриноти низомй ва хузури низомй дар таркиби созмонхои минтакайи дар оянда оромиши минтакаро мухтал ё тахдид намекунад.
Ёддошти tajikistanweb.com: Манси Мехротра чуёи мартабаи фавки лисонс дар Донишгохи Чавохирлаъл Нехруи шахри Дехлии Нави Хиндустон аст.