web.com

POLITICS

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

Education

МУРТАБИТ

tajikistanweb.com / хабаргузорихо

The Way to Moscow Lies Through Tehran

100208 - Эрон пешниход кардааст, ки дар Точикистон як ниругохи обии дигар бисозад. Ин хабарро рузи якшанбе (10 феврийе) Эмомалии Рахмон, раисичумхурии Точикистон пас аз гуфтугу бо Махмуди Ахмадинажод, хамтои эрониаш дар Техрон эълом кард.

Хабаргузории русии Итор-Тосс бо истинод ба суханони Рахмон менависад: «Тайи дидори ман (аз Техрон) Чумхурии Исломии Эрон изхори омодагй кард, ки як ниругохи обии дигар бисозад. Умедворем, ки ин пешниход харчи зудтар амалй шавад.»

Рахмон сатхи равобити Точикистон ва Эронро баланд тавсиф кард. Вай гуфт, Техрон ва Душанбе метавонанд хамкорихои худ дар заминахои роху таробарй, энержй, сармоягузории муштарак ва фарханг густариш диханд. Рахмон афзуд: «Хамкории Эрон бо Точикистон барои ичрои чандин тархи густардаи эхдоси ниругоххои обй бисёр хуб аст».

Махмуди Ахмадинажод
ба навбаи худ таъкид кард, ки тарафхо дар арсахои хамлу накл, энержй ва фарханг ба тавофукоти хубе даст ёфтаанд.
Ду раисичумхурй дар паи гуфтугухои расмй дар Техрон гуфтанд, ки Эрону Точикистон ду кишвари дуст бо муштаракоте фаровоне хастанд.

Ахмадинажод гуфт: «Аз замони истиклоли Точикистон, аз 16 сол пеш то кунун, мардумони Эрону Точикистон равобити созандаву физояндае доштаанд ва талош кардаанд муносиботи дутарафаро иртико диханд.»

Вай гуфт, ки дар мулокот бо Рахмон тарафхо масоили марбут ба хамкории сиёсй дар арсаи минтакайи ва байнулмилалй ва хамчунин мавзуъи мубориза бо чиноёти созмонёфта, теруризи, маводди мухаддир ва ифротгароиро баррасй карданд.

Раисичумхурии Эрон афзуд, ки хич монеъе аз густариши равобити миёни Техрон ва Душанбе чилавгирй нахохад кард.

Эмомалии Рахмон гуфт, ки дидори у аз Техрон чихати заминасозй барои тавсеъаи хамкорихои дутарафа сурат мегирад , ки бо манофеъи ха ду тараф созгор хохад буд.

Ба гузориши Пресс ТВ, раисичумхурии Точикистон Махмуди Ахмадинажодро ба шахри Душанбе даъват кард.

Хамчунин рузи якшанбе Эрон ва Точикистон се ёддошти тафохум барои тавсеъаи равобит дар заминахои энержй, петрушимй ва хамлу наклро имзо карданд.

Дар поёни гуфтугухои Ахмадинажод ва Рахмон дар Техрон вазирони энержии ду кишвар тавофукномаеро дар бораи тавсеъаи хамкорихо дар заминахои мухталифи бахши энержй имзо карданд.

Ба гузориши Пресс ТВ, дар тайи ин дидор хамчунин тавофукномахое дар бораи поярезии як ширкати шимиёйии муштарак ва таъсиси як корхонаи муштараки дигар ба имзо расид.

Ба гузориши хабаргузории расмии Эрон, раисичумхурии Точикистон хостори интиколи барки Эрон ба кишвараш ва поёни хар чи сареътари сохтмони рохи охан ва чодахои миёни Точикистон ва Афгонистон шуд.


Дар ин дидор хамчунин мавзуъи сармоягузорй дар тархи эхдоси корхонаи алюминиюм дар Эрон тавассути Точикистон баррасй шуд.
Тарафхо
тархи таъруфахои тарчехии колои ду кишварро низ баррасй карданд.

Persian

English