web.com

BUSINESS

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

Education

Комбизи Ормон

Гирифтории шадиди Точикистон бар сари карзи хоричиаш зохиран ин кишварро ба арсаи як ракобати жеупулитики дигар таблил хохад кард.

Бидихии хоричии Точикистон тайи солхои ахир рушди физоянда доштааст. Аммо бо осебе, ки сахттарин
зимистони чанд насли ахир ба кишвар ворид карда, дигар ба назар мерасад, ки давлати Эмомалии Рахмон хар навъ тазохур ба истиклоли молиро низ аз даст додааст.

Рузи 6 феврийе Бонки Марказии Точикистон барои мукобила бо бухрони энержй аз чомеъаи чахонй кумак хост. Ба гузориши хабаргузории Авесто, дар баёнияи бонк омадааст: «Тайи чанд рузи оянда давлат фехрести акломи мавриди ниёзи изтирорй ва хамчунин барномаи бахраварй аз онхоро ба созмонхои байнулмилалй ва кишвархои дихишгар (кумаккунанда) таслим хохад кард. Ин бухрон бар таъминоти
гизойи таъсири манфй гузошта, саноеъи кишварро дар вазъияти душворе карор додааст.»

Макомоти баландпояи давлат рузи 5 феврийе бо намояндагони вомдихандагони байнулмилалй, аз чумла Сандуки Байнулмилалии Пул, Бонки Чахонй ва Бонки Урупоии Бозсозй ва Тасвеъа дидор доштанд, то ба тахияи накшаи бурунрафт аз бухрон бипардозанд.

Дар ин миён Точикистон ру ба табохии бештар ниходааст
. Рузи шашуми феврийе Узбакистон интиколи барк ба кишвари хамсояашро мутаваккиф кард. Тайи зимистони равон ин нахустин бор нест, ки Тошканд судури барк ба Точикистонро катъ мекунад. Аммо ба гузориши Итор-Тосс, бар хилофи тафсирхои гузашта аз катъи интиколи барки узбакй, ки гуфта мешуд ба далели хашми Узбакистон бар сари бидихии рузафзуни Точикистон сурат мегирифт, ин бор он бо «мушкилоти худи Тошканд, аз чумла камбуди маводди сухтй барои тавлиди барк дар Узбакистон» тавчех шуд. Хабаргузории Asia-Plus гузориш медихад, ки катъи чараёни барки Узбакистон бо ду баробар кардани воридоти барки Туркманистон ба Точикистон ба таври чузъй чуброн шуд.

Бо вучуди ин, бештари манотики Точикистон дар тули шабонаруз на бештар аз чанд соъати башумор барк доранд, агар аслан дошта бошанд.
Asia-Plus рузи 1 феврийе гузориш дод, ки ба далели камбуди барк хамаи корхонахои санъатии устони Сугд кори худро боз доштаанд.

Хавои гайримаъмулии зимистони имсол бунияи молии Точикистонро ба вайронй кашонд. Бино ба додахои аввалияи Бонки Марказй, ин бухрон 246 милюн дулори дигарро бар бори гарони бидихихои Точикистон афзудааст.

Дар авохири мохи жонвийе давлати Точикистон эълом кард, ки акнун хачми бидихии хоричии кишвар ба раками сарсомовари 1.2 милёрд дулор расидааст, ки муъодили як севвуми даромади нохолиси миллии он аст. Нархи бидихии хоричй бо шитоб боло меравад. Ба гуфтаи Тимуръалй Афгонов, мудири шуъбаи карзхои давлат ва дороии молии Вазорати доройи, дар соли 2007 мизони афзоиши бидихии хоричй нисбат ба соли 2006 29.3 дарсадро ташкил додааст.

Хабари нохуш барои вомдихандагон ин аст, ки давлати ин кишвар дар будчаи соли 2008-и худ танхо 44.2 милюн дулорро барои бозпардохти вомхояш дар назар гирифтааст. Бузургтарин бистонкорони Точикистон Чин ва Узбакистон хастанд, ки аз Душанбе мутаносибан 217 милюн ва 63.6 милюн дулор талабкоранд.

Нокомии ошкори Точикистон дар заминаи бозпардохти эътиборот суханони раисичумхурй Рахмонро хандадор чилва медихад, ки чанд руз пеш аз эъломи аркоми бидихихо садо дода буд. Вай зимни суханронии телевизюниаш дар рузи 28 жонвийе бо эътирофи ин ки боздехи санъатй (индустриалй)-и кишвар уфт кардааст, таъкид кард, ки Точикистон дар соли 2007 «як катор дастовардхои иктисодй» низ доштааст. У он «дастовардхо»-ро паёмовари «огози мархилаи сифатан нав дар рушди иктисодй ва ичтимоъй»-и кишвараш тавсиф кард. Рахмон муддаъй шуд, ки давлати у комгор шудааст «накшаи солонаи даромади нохолис ва андоз (молиёт)-ро 12 дарсад бештар» аз хадди пешбинишуда ба ичро расонад. Вай хамчунин дастур дод, ки дар соли 2008 рушди вокеъии мизони тавлидоти нохолиси миллй «бояд на камтар аз 7 дарсад ва мизони таваррум 8 дарсад бимонад.»

Ожонси Иттилоъоти Марказии Омрико даромади нохолиси миллии саронаи Точикистонро 1600 дулор дар сол баровард кардааст ва худуди ду севвуми чамъияти кишвар зери хатти факр ба сар мебаранд. Тибки маъмул осебпазиртарин кишрхои ичтимоъй кимати бадкорй ва суимудирияти давлатро мепардозанд.

Тайи чанд соли ахир Эмомалии Рахмон дар паи интихоби мучаддадаш, ки аз суи нозирони байнулмилалй номунсифона тавсиф шуд, тавонист бар раванди сиёсии дохилии Точикистон султаи такрибан бетардидеро эъмол кунад.
Аммо нобасомонии умури молии кишвар ин холатро мумкин сохтааст, ки Эмомалии Рахмон рузе навкарона бори миннати яке аз муддаъиёни бартарии жеупулитик дар Осиёи Миёнаро бикашад.

Пурсиш ин аст, ки Рахмон ба чи кишваре ру хохад овард – Русия, Чин ё Иёлоти Муттахидаи Омрико? Русия, ба унвони худовандгори суннатии минтака ва хамчунин ба масобехи кишваре, ки дар Точикистон сармоягузорихои азими иктисодии рохбурдй кардааст, барги барандае дар даст дорад. Чин хам ба унвони бузургтарин бистонкори Точикистон зохиран ахрум (фишанг)-е дар ихтиёр дорад.

Равобити Точикистон бо Русия дар тобистони гузашта ба сардй гароид; замоне ки Душанбе карордоди худ бо мучтамаъи гулосои русии РусАл барои эхдоси садди Рогунро
бо шитоб лагв кард. Афзун бар ин, давлати Рахмон хамчунон аз талошхои омиронаи Кремлин барои мумонеъат аз пахн шудани бисоти пойгохи низомии Хинд дар Точикистон хашмгин аст.

Бад-ин гуна, мумкин аст Иёлоти Муттахидаи Омрико равзанаро барои аз сар гирифтани тархи баландпарвозонаи интиколи барки Осиёи Миёна ба Осиёи Чанубй боз бибинад.
Нахустин бор Вазорати хоричаи Омрико дар бахори соли 2006 дам аз ин тарх зада буд. Сармоягузорй дар тархи мавриди химояти Омрико дар Точикистон зарфияти билкувваи азимеро барои тавлиди нируи барк дар Точикистон боз хохад кард. Он гох афзуна ( изофа)-и барки тавлидии Точикистон ба кишвархои Осиёи Чанубй, ба вижа Хинду Покистон содир хохад шуд. Самтёбии навини эхтимолии шабакаи барки Осиёи Миёна ба нуфузи жеупулитики Русия бар минтака латмае шадид ворид хохад кард.

Ёддошти сардабир: Комбизи Ормон тахаллуси як рузноманигори точик аст.

English

RELEVANT

Fussies Rewarded

The White Horror

Bleak Future...

Badakhshan, the Definition of Remote

Tajikistan Appeals for Assistance

Tajikistan Increases Power Import

Tajikistan's Debt Leaps Over Billion