web.com

BUSINESS

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

Education

Дейвид Триллинг
Eurasianet

МУРТАБИТ

Fussies Rewarded

The White Horror

Bleak Future...

Акс аз Заур Дахте, Точикистон

Дар сардтарин зимистони чандин насли Точикистон, ки макомотро ба чирабандии нируи барк водоштааст, ин нигаронй вучуд дорад, ки агар дамои хаво фавран боло наравад, шояд ин кишвари Осиёи Миёна мачбур ба эъломи вазъияти фавкулъода шавад.

Тайи
чанд хафтаи ахир минтака дар чанги сармои шадид аст. Шарифхон Самиев, раиси ширкати давлатии Барки Точик ба хабаргузории Asia-Plus гуфт: "Чунин зимистонро дар минтакаи мо дар зарфи 40 ё 50 соли ахир касе ба ёд надорад." Вай афзуд , ки сатхи оби руди Вахш ба далели яхбастагй хамчунон ба таври хатарноке поин аст. Агар ба зудй яххо об нашавад, мизони об метавонад то чое уфт кунад, ки ниругоххои обй дигар кодир ба тавлиди барк нахоханд буд.

Самиев гуфт: «Агар нируи барки изофй дарёфт накунем, кишвар даргири вазъияти бухронй хохад шуд, ки метавонад ба эъломи вазъияти фавкулъода бианчомад.»

Эхтимолан бештарин латмаро дар ин бухрон устони кухистонии Бадахшон дар шарки Точикистон дидааст.
Бархе аз нохияхои Бадахшон , ки дар хавои мулоиму муътадил хам бисёр дурдастанд , акнун аз чахони берунй ба куллй бурида шудаанд .

Бино ба додахои Барномаи Тавсеъаи Созмони Милал, се нохия аз хафт бахши устони Бадахшон акнун ба далели борандагии шадиди барф ва масдудияти роххо мунзавй шудаанд. Барномаи Тавсеъа дар гузориши 31 жонвийеи худ навишт:  « Роххои масдуд монеъ аз таъмини мардуми махаллй бо хуроку дигар мояхточи аввалия шудааст.»

Дар мохи ут (август)-и гузашта, замоне ки нахустин нишонахои зимистони чорй худнамойи мекард, ман ба Бадахшон рафтам ва аз хар ду пораи точикиву афгонии ин сарзамин, ки бо руди Панч таксим шуда, боздид кардам. Ман дар се нукта марзро убур кардам: Калъаи Хумб, Шугнон ва Ишкошим. Соли 2006 Бунёди Огохон барои бехбуди зерсохтхои минтака сармоягузорй кард ва аз чумла дар хар се нуктаи марзй пул
сохт. Дар паи он Барномаи Тавсеъаи Созмони Милал ба ичрои тархи баландпарвозонаи омузишу тачхизи пулиси марзии хар ду каронаи руд пардохт.

Бадахшон шомили минтакахои хар ду суи сохили руди Панч аст. То авосити дахаи 1920, яъне то замони суъуди Иттиходи Шуравй, миёни ду каронаи руди Панч марзе вучуд надошт. Пеш аз расидани булшевикхо точикхои Афгонистон ва Осиёи Миёнаи тахти нуфузи Русия мардуми вохид буданд, бо хам издивоч мекарданд ва хонаводахошонро мегустарданд ва пайваста аз тарики ин руд ба хонахои хамдигар рафтуомад мекарданд. Онхо то кунун хамзабонанд, бо ин ки точикхои Точикистон русзада шудаанд ва точикхои Афгонистон пайванди устувортареро бо мероси исломии минтака хифз кардаанд.

Тафовутхои моддии миёни манотики точикй ва афгонии Бадахшон ба шиддат ошкор аст. Рустохои Бадахшони Точикистон барк доранд (дастикам дар айёми гармтар), ба хадамоти бехдоштии аввалия дастрасй доранд ва аз тарики чоддахо бо чахони хорич пайванди осонтаре доранд. Дар он суи руди Панч забони мардуми Афгонистон хам форсист, аммо онхо савор бар хар аз пайрохахои
бузгузар убур мекунанд ва бутахои хушку хезум мечинанд, сангхоро аз мазореъашон чамъ меоваранд ва ба нахве талош мекунанд зимистонро пушти сар кунанд. Фосилаи бархе аз рустохо аз як бозор (дар фасли тобистон) чандин хафта аст.

Бадахшон дар вокеъ чизе бештар аз як гирехи мунханихои кухистонист ва рустохои он дар хар ду суи сохили Панч ба якдигар шабохат доранд. Дар ин бахши Точикистон шумори хонахои очурй (хиштй) камтар аст ва бештари сохтмонхо кохгилианд. Ба монанди хонахо дар саросари Афгонистон. Боми хонахо софу хамвор аст ва теъдоди андаке аз онхо бо ширвонии филизии мавчдор пушонда шудаанд.

Дар хар ду суи сохили Панч раддахои сапедорро метавон дид, ки бо оханги рудхона мехироманд. Онхо ба сарбозони бозичаии гулосое мемонанд, ки даххо сол пеш ба унвони девораи рудхона кошта шудаанд. Сангхои качу кула ва деворхои гилй мазореъи нохамвори гандуму себзаминй ва сабзихои гуногунро аз хам чудо мекунанд
. Аз дур ки ба мазореъ нигох мекунй, мебинй, ки ин тикка-порахои нохамгун канори хам замини васеъи саршор аз богхои меваву сабзиву гандумро шакл додаанд. Ин мазраъахо дар хошияи кухистони пуршебу фарози шаш хазорметрй, ки куллахояшон зери барфи анбух нопадид шуда, хобидаанд.

Харчанд ман дар авоили мохи ут (август) ба минтака сафар кардам, ин хисро доштам, ки зимистон харгиз аз ин махал дил намеканад. Яхи галтони кухсор об мешуду якояки ободихоро бо оби тоза таъмин мекард, дар холе ки дарахтхои зардолу дигар барг мерехтанду ба мувочеха бо зимистони номехрубон омода мешуданд. Дар миёни куххои Помир, хамин ки хуршед пинхон мешавад, дамои хаво хам ба шиддат уфт мекунад.

Дар айёми тобистон бадахшихои Точикистон ба он суи руди Панч нигох мекарданд ва бо вучуди шароиту имконоти ибтидоии худашон, хисси бартарй барояшон даст медод. Чун медонистанд, ки шароити зиндагии онхо бехтар аз шароити зиндагии хамкавмонашон дар он суи руд аст. Яке аз бадахшихои Точикистон ба ман гуфт, ки вакте ба самти Афгонистон нигох мекунанд, ба худ меандешанд, ки агар нуфузи садсолаи Русия бар пораи хоки онхо набуд, зиндагии онхо низ хамонанди зиндагии хамкавмони афгонистонишон мешуд. Дар самти афгонистонии Бадахшон худрав ё мошине ба чашм намерасад, чун рустохоро пайрохахои борику пурмухотирае ба хам мепайванданд, ки гохо
резиши хок вайронашон мекунад. Ачаб нест, ки ин хама тандис (мучассама)-и Ленин дар Бадахшони Точикистон хамчунон побарчост.

Вале дар калби сармои кахратун гумон намеравад, ки касе дар Бадахшоночикистон хам дигар хисси бартарй дошта бошад. Хама
дар талоши зинда мондананд.

Ёддошти сардабир : Дейвид Триллинг як аккос - хабарнигори озод аст , ки дар Осиёи Миёна кор мекунад .

English