BUSINESS
Youth
Science
Entertainment
tajikistanweb.com
Ожонси хавопаймоии Русия мегуяд, ки он мамнуъияти муваккат вокуниш ба «аворизи гайриконунй»
-
е буд, ки Точикистон аз ширкатхои хавоии Русия мехохад. Ба эътикоди макомоти рус, эъмоли ин авориз тавофукоти ду кишвар дар заминаи иртиботи хавойиро накз мекунад.
Точик Эйр ба се шахри Русия – Маскав, Новосибирск ва Екатеринбург парвозхои мукаррар анчом медихад. Ин парвозхо муштарихои фаровоне дорад, чун садхо хазор тан аз мардуми Точикистон ба таври мавсимй дар Русия кор мекунанд.
Ожонси хавопаймоии Русия аз аворизе нохушнуд аст, ки Точикистон дар мохи септомбр вазъ кард. Ширкатхои русие, ки масири парвозашонро Точик Эйр таъйин накардааст, бояд барои хар мусофир 10 дуллор бипардохтанд. Ахиран парвози Душанбе-Челябинск ба далели сарпечии русхо аз пардохти авориз худуди хашт соъат деркард (таъхир) дошт. Ин мукаррарот то замони баргузории гуфтушунуди макомоти ду кишвар ба таъвик уфтодааст.
Ба гузориши хабаргузорихои РИА-Новости, Ожонси федероли хавопаймоии Русия мамнуъияти парвози хавопаймохои ширкати Точик Эйр ба ин кишварро лагв кардааст. Макомоти рус далели ин мамнуъиятро накзи тавофукоти миёни ду кишвар дар заминаи хамлу накли хавойи аз суи Точикистон унвон карда буданд.